Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
145). Аммо ба вазифаи шахси дидор фаровон истифода гардидааст: эшони Мӯминхӯҷа, эшони Сӯфихӯҷа ва ғайраҳо.
Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аз сабаби дар забони асарҳои насрии аввали асри XX ба вазифаи ҷонишин кам истеъмол шудани калимаи эшон вазифаи грамматикии он тағйир ёфта, пас аз революция калимаи мазкур на ба вазифаи ҷонишин, балки ҳамчун калимаи ифодакунандаи маънои динӣ дошта кор фармуда мешавад.
Дар асари Мирзосироҷ бештар ба ҷои калимаи эшон ҷонишини онон кор фармуда шудааст.
Хусусияти дигари фарқкунандаи асар аз забони адабии имрӯза дар истеъмоли ҷонисини шахсии банда мушоҳида мешавад. Ин ҷонишин дар забони адабии имрӯза камистеъмол буда, гоҳу дар назм
ва дар нутқи шифоҳӣ аз тарафи шахсони маърифатнок чун ифодаи
хоксорӣ истеъмол мегардад. Ин калима дар асари Мирзосироҷ ва
Садри Зиё хеле серистеъмол буда, ҳамеша ба ҷои ҷонишини ман
омада бо хабар мувофиқат кардааст: Банда дар як рӯз се мактаби
мардонаро дидам (с. 102). Банда дар яке аз хӯталҳои (ҳотел) хуби қашанг манзил доштам (с. 104). Ин калима мисли ҷонишини шахсии ман пешоянду пасояндро низ қабул кардааст: бо банда, аз
банда, бандаро: ҳаводисе, ки ба банда рух дода (с. 2). Аз банда суол намуд (с. 107). Бандаро дар ин кор иштиёқ набуд (с. 226)
Дар асари Мирзосироҷ ҷонишини таъйинии ҳама аз рӯи вазифааш бо он вазифае, ки дар забони адабии имрӯза дорад, мувофиқат мекунад. Вай одатан пеш аз исмҳо омада бо онҳо бо бандаки изофӣ ва бе он алоқа пайдо мекунад, инчунин пешоянд, пасоянд ва бандакҷонишинҳо гирифта шахси онҳоро конкреттар мегардонад: Ҳамеи халқи он аҳли илму ҳунаранд (с. 102). Ҳамаро ба силку таҳрир девонаварданд (с. 22). Бо ҳамаи онҳо хушбош намудам (с. 105).
Ҳама молдор ва чорводоранд (с. 14). Ҳолия ҳамаашон мутааммил мудаанд (с. 15).
Ҷонишини ҳама дар шакли ҳамагӣ дар асар танҳо як маротиба истифода шудааст: Аз ватан ва абнои ҷинс, ки ҳамагӣ ақраб буданд (с. 23).
Дар асарҳои Фитрат ва Садри Зиё низ ҷонишини ҳамагӣ дучор мешавад: ин ду милйун одам ҳамагӣ олиманд ё не? (с. 5) Ҳамагӣ олим будан мумкин нест (с. 5) (Фитрат, 46).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё