Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Нависанда ҷонишини таморо ба маъно ва вазифаи ҷонишини ҳама фаровон истеъмол намудааст: Таморо аз рӯи нақша ва тартиб сохтаанд (с. 110). Тамои ҳама сабти дафтарҳо мешавад (с. 100).

Доир ба хелҳои дигари ҷонишинҳои забони асар фарқҳои ҷиддиро дучор нагардидем. Гоҳо ҷонишини номуайянии баъзе дар шакли бархе оварда шудааст. Дар "Наводири Зиёия" ҳам ин ҷонишин дар шаклҳои баъзе ва бархе дучор мегардад. Ҳаминро ҳам қайд кардан даркор аст, ки баъзе бештар барои ифодаи шахс ва бархе аксар барои ифодаи мафҳуми ғайришахс истифода мешавад: мулло Абдулҳакими мазкур аввалан ба тадриси баъзе мадорис, сониян ба қазои бархе вилоят мансуб мегашт (Садри Зиё; "Наводири Зиёия" с. 96).

Эҳтимол барои такрор нашудани айни як калима дар ҷумла ин шаклҳо истифода шуда бошанд. Дар асар чунин хелҳои ҷонишинро мушоҳида мекунем:

  1. Ҷонишинҳои шахсӣ: ман, ту, вай, мо, шумо, онҳо, ӯ, моён, моҳо, шумоён, онҳо, вайҳо, банда, эшон, онон, маро, моро.
  2. Ҷонишини нафсӣ: худ. Ин ҷонишин пасоянд ва бандакҷонишинҳо қабул кардааст: худро, худам, худам. Ҷонишинҳои хеш, хеш, хештан дар асар дучор нагардид.
  3. Ҷонишинҳои ишоратӣ: он, ин, ҳамон, ҳамин, чунон, чунин.
  4. Ҷонишинҳои таъинӣ: ҳар, ҳама, тамоми (ҳар чӣ, ҳар кӣ, ҳар кадом), ҳамагӣ.
  5. Ҷонишини манфӣ: ҳеҷ (ҳеҷ кас, ҳеҷ кадом, ҳеҷ касе, ҳеҷ чизе) 6. Ҷонишинҳои номуайяни: баъзе, фалон, бархе.
  6. Ҷонишинҳои саволӣ: чанд? кадом? кӣ? чӣ?
  7. Ҷонишинҳои муштарак: ҳамдигар.

ФЕЪЛҲО

Дар забони асарҳои бадеӣ ҳар як ҳиссаи нутқ дар бобати ифодаи фикр мавқеи алоҳида дорад. Аз ҷумла, мавқеъ ва роли феъл дар матн калон буда, қувваи ифоданокӣ ва таъсирбахшии он назар ба ҳиссаҳои дигари нутқ барҷастатар мебошад. "Феълҳо аз қабили калимаҳои ҷонноке мебошанд, ки ҳама гуна предметҳои ба худ тобеъ ё тааллуқдорро ҷоннок мекунанд"23

Феъл дар забони тоҷикӣ ҳиссаи нутқи калонтарин буда дорои

пешина
аз 159
навбатӣ