Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
гуфтандӣ (с. 146). Ҳазрати охундро хизматгоре буд мӯътамад... Сулаймонхоҷааш гуфтандӣ (с. 193). Вале шакли замони гузаштаи ҳикоягӣ -мегуфт дар Садри Зиё ҳам серистеъмол буда, назар ба шакли қадима хеле зиёдтар истеъмол гардидааст. Дар забони зинда шакли китобӣ (гуфтандӣ, навиштандӣ, омадандӣ) истеъмол намешавад. Ба ҷои ин шакли феълҳо шаклҳои мехонам, мегуфтам, менависан, меомаданд, мегирам истифода мешаванд. Вале ин феълҳо маҳсули забони ибтидои асри XX набуда, балки хеле қадимаранд ва дар асрҳои IX—X дар забони адабӣ вуҷуд доштанд ва васеъ истеъмол мешуданд.
Мирсосироҷ бештар ба равиши тараққиёти забон эътибор дода, шаклҳои замони гузаштаи ҳикоягиро бо префикси -ме сохта, аз шакли кӯҳнаи китобӣ (гуфтандӣ, омадандӣ) даст кашидааст. Дар асар феълҳои замони гузаштаи ҳикоягӣ бо префикси -ме серистеъмол мебошанд:
Даста-даста мардум дар он ҷо меомаданд ва мерафтанд (с. 78) Занҳои хушовоз бо нолаҳои дилҳарош мехонданд ва мерақсиданд (с. 66).
- Хусусияти дигари забони асар дар истеъмоли феълҳо аз он иборат аст, ки дар он шакли сиғаи эҳтимолӣ бо суффикси -гист (неомадагист, мерафтагист) дида намешавад.
Сиғаи эҳтимолӣ бо -гист, чунон ки В. С. Расторгуева қайд кардааст, танҳо пас аз революсияи Октябр ба забони адабӣ дохил шудааст25 ва аз шаклҳои нави феълии забони адабии ҳозираи тоҷик ба шумор меравад.
Дар таркиби дугавии асари Мирсосироҷ низ ин шакл дида намешавад ва дар забони асарҳои нависандагони ибтидои асри XX низ шакли мазкур дучор намеояд. Вале шакли сифати феълӣ бо -гӣ (омадагӣ, мекардагӣ) дар асар хеле зиёд истифода шудааст. Ин шакл низ аз забони зинда ба забони адабӣ дохил шуда, дар ибтидои асри XX доираи истеъмоли он хеле васеъ шуд: Қиштии савор шуда омадагӣ (с. 313); хизматгорони сари хизмат будагӣ (с. 155); корвонсарои мо манзил намудагӣ (с. 166); Одами таҳсих мекардагӣ (с. 109) ва монандӣ инҳо.
Дар забони асар серистеъмол шудани сифати феълӣ бо суффикси -гӣ ба забони зинда наздик шудани забони адабиро нишон медиҳад. Дар забони асарҳои ин давр истеъмол намудани сиғаи эҳтимолӣ бо суффикси -гист маънои онро надорад, ки ин шакл дар забон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё