Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Оҳ, сад оҳ, ки барбаст абадӣ роҳи сафар,
Аз Бухоро сӯи Фирдавс яке донишвар.
Ходими миллати ислом, Сироҷи дониш,
Ношири илм, ватанхоҳ, маорифпарвар.
Он кӣ манТиқи ӯ буд маҳофил пурнур,
Он кӣ аз хомаи ӯ дошт ҷароид зевар.
Он кӣ такмили фунун карда дар айёми шабоб,
Он кӣ таҳсили ҳикам кард дар аснои сафар.
Сер нокарда зи дидори худ абнои ватан,
Ҷавонӣ ба таки хок ватан кард мақар.
Ба сари турбати ту нолакунон омадаем,
Ба куҷо меравӣ? Як бор ба аҳбоб нигар!
(С.Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик, 1926,
саҳ. 346-347)

Мувофиқи ахбороти шарқшинос - марҳум И.Одилов дар фонди Институти шарқшиносии АФ РСС Узбекистон таҳти рақами 184 девоне бо дастхати муаллиф (Мирзосироҷиддин) нигоҳ дошта мешавад. Девон аз жанрҳои гуногун: қасида, мухаммас, рубоӣ ва ғайра иборат мебошад. Баробари ин, девон як қатор варақҳои холӣ дорад. Ба фикри мо, — мегӯяд И.Одилов, — ин саҳифаҳои холӣ бо умеди навиштани ғазалҳои нав гузошта шудааст.

Дастхат дорои 18 рубоӣ ва қитъа, 30 қасида, якчанд ғазалҳои ишқӣ, мухаммас ва маснавиҳо буда, солҳои 1318-1320 ҳиҷрӣ (мутобиқи солҳои 1899-1901) китобат шудааст.

Мирзосироҷи ҳаким аз ҷавонӣ дар ду забон: тоҷикӣ ва узбекӣ шеър гуфтааст. Ӯ шахси хоксор буда, ба тамаъкории шоирону нависандагони муҳити дарбор бо нафрат менигарист.

Мирзосироҷ бар шеъри шоири ширинкаломи тоҷик Камоли Хуҷандӣ мухаммас бастааст:
Ишқат ҷафо ба ҷони ман, эй сарвиноз кард,
Чеҳрат рафиқу ҳамдами сӯзу гудоз кард.
Қаддат ба ҳайли ғамзадагон турктоз кард,
Чашмат ба саъйи ғамзада фитна боз кард,
Зулфат ба зулм дошт тановул дароз кард.

Нависанда дар баъзе рубоӣ ва қитъаҳояш монанди Аҳмади Дониш рӯйрост баромад карда, аз зулму ҷафои замона ба дод меояд, аз бахти сиёҳи худ ғамгин мешавад ва бо дили пурдрд мегӯяд:

пешина
аз 159
навбатӣ