Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Ҳазор гуна ҳунар дорам, вале чӣ кунам,
К-аз ҷафои замон ҳамеша дар табам.
Зи хонумону зи мулку диёр овора,
Мудом зери фишор ҳамчу донаи инабам.
Сироҷ аз ғами гетӣ танам шудаст чу нол,
Сиёҳ тира шуда рӯзи равшан ҳамчу шабам.
Нависанда ватан ва халқи худро дӯст медошт. Ӯ мехост, ки мардуми ватанаш бомаърифат бошанд. Ӯ фалокати асосии ҳаёти Бухорои ибтидои асри XX-ро дар нодонӣ, бесаводӣ, беқонунӣ ва ҷаҳолату ғафлат медид. Аз ин рӯ мегӯяд: “Хоки Бухоро бисёр ҳосилхез аст. Қобили ҳама қисм зироат мебошад. Вале мо мардум қадри онро намедонем. Агар мо ҳам мисли русҳо ва аврупоиён илму ҳунар медоштем, аз мо мардуми ғанитар, аз мулки мо ободтар мулке ба олам намебуд”31.
Мирзосироҷ аз сиёсати амири Бухоро дар муносибат ба хориҷиён норозӣ буд, зеро ӯ мефаҳмид, ки мустамликадорон барои манфиати худ омада, боигарии моро талаву тороҷ намуда, аҳволи бади мардумро бадтар мекунанд. Ӯ бо ҳазор аламу ҳасрат мегӯяд, ки чаро мардуми Бухоро ба молҳои хориҷӣ мӯҳтоҷ шуда мондаанд: “Мо ба молҳои хориҷӣ мӯҳтоҷем. Чаро ин тавр? Аз пираҳани атфол гирифта, то кафани мурдагонамон бояд аз Аврупо биёяд. Акнун мо мӯҳтоҷ набуда кӣ бошад? Онон, ки тамоми сарвати мо мардуми осиёро мебаранд, босарват нашуда кӣ шавад? Андак фикру қадре ҳуш лозим аст. Охир мо ҳам мисли онон одамем. Дили мо ҳам мехоҳад, ки шаҳри мо ободу хушиморат бошад”32.
Мирзосироҷ ҳангоми сайру гашти шаҳри Берлин, музей ва мактабҳои онро дида, бо ҳазор аламу ҳасрат муаллимони бесаводи Бухоро, синфхонаҳо ва бурёпораҳои мактабҳои онро ба хотир оварда мегӯяд: "...вақте ки ин биноҳоро дидам, фавран ба хотирам мактабҳои худи мо, ки рӯи бурёпора нишастан, тахтаҳои касир, муаллимони бесаводи худи мо, ки мисли тири ғазаб ба атфол муомила мекунанд, расида, беихтиёр ашки ҳасрату рашк аз дида рехта гуфтам: "Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу, ки мо илмро хор кардем, хор шудем”33.
Мирзосироҷ ҳангоми саёҳати худ мактабҳои ҳунарӣ, дорулфунунҳо, музейҳо, боғҳо, кӯчаҳои асфальтпӯши ботартиб, хиёбонҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё