Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба кор бурдаанд. Шаклҳои феълӣ бо ёрӣдиҳандаи истодан на фақат дар асарҳои бадеӣ, балки дар забони газетаву журналҳо низ васеъ истеъмол мешаванд.

Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" феъли истодан дар шаклҳои гуногун ҳам ба вазифаи феъли ёрӣдиҳанда ва ҳам ба вазифаи феъли асосӣ васеъ истифода шудааст. Нависанда чунин шаклҳои феъли ёрӣдиҳандаи истоданро истеъмол намудааст:

  1. Шакли обод шуда истодааст, манзум шуда истодааст.
    Шакли мазкур дар асар дар чор ҷой истифода бурда шудааст. Дар "Грамматикаи забони тоҷикӣ" (китоби дарзӣ барои мактабҳои олӣ) дар сиғаи хабарӣ се шакли феълӣ бо ёрӣдиҳандаи истодан нишон дода шуда, ҳар се шакл низ дуруст маънидод мегардад: Шакли обод шуда истодааст таркибан аз исм, сифати феълии замони гузаштаи феъли асосӣ ва феъли ёрӣдиҳандаи истодан сохта шудааст. Шакли обод шуда истодааст амали воқеаро дар замони ҳозира, конкрет муайян намудааст. Хусусияти ин шакли феълӣ дар нақлӣ будани он, давомнокии он ва ба охир нарасидани амали он зоҳир мегардад.

Гӯянда нақл намуда қайд карда истодааст, ки амал ҳоло тамоман ба охир нарасидааст, давомнокии ин шакли феҳлиро аз мазмуни он барҷало фаҳмидан мумкин аст: ҳоло дубора он ҷо обод шуда истодааст (с.24г). Ҳамаи онҳо рӯз ба рӯз босарват шуда истодаанд (с.205) Аз ин сабаб гамарукони Эрон манзум шуда истодааст (с.45).

Шакли феълии обод шуда истодааст аз шакли хонда истодааст фарқи замонӣ дорад. Шакли хонда истодааст - замони ҳозира, конкрет, муайян, давомнок ва ба охир нарасидани амал аст. Дар шакли феълии обод шуда истодааст ҳамаи хусусиятҳои шакли хонда истодааст дида мешавад. Фарқ танҳо дар таркиб мебошад, зеро обод шуда истодааст ҳиссаи номӣ қабул кардааст.

  1. Шакли гирифта истода буданд. Ин шакл дар забони асар низ серистеъмол мебошад. Таркиби ин шакл аз сифати феълии замони гузаштаи шакли якум ва феъли ёрӣдиҳандаи истодан дар шакли замони гузашта ва феъли ёрӣдиҳанда истодан дар шакли замони гузашта ва феъли ёрӣдиҳанда сохта шудааст. Ин шакли феълӣ маънои замони гузаштаи дури давомдорро ифода мекунад, баробари ин давомнокӣ ва ба охир нарасидани амалро дар замони гузашта мефаҳмонад: дар сари роҳ дузду дағали бисёреро сари роҳ гирифта
пешина
аз 159
навбатӣ