Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
истода буданд (с.320). Чанд нафар хизматкор бо либоси зардор ва бо кулоҳу нишон аломати тасб карда истода буданд (с. 66). Чанд ҷаббаи соз ҳам кӯк намуда буданд, ки навохта истода буданд (с.29).
Шаклҳои гирифта истода буданд, карда истода буданд ва навохта истода буданд аз ҳамдигар фарқ надоранд, танҳо бо сифатҳои феълии гуногун омада, амали давомнокро ифода мекунанд. Дар муайян намудани замонҳои ин шаклҳо, таркиби морфологии онҳо аҳамияти калон дорад. Шакли гирифта истода буданд бо шакли гирифта буданд муносибат надорад, балки бо шакли замони гузаштаи давомдор мегирифтанд алоқаманд аст.
Шакли омада истода буд танҳо дар як ҷой аз забони муаллиф истифода шудааст ва он замони гузаштаи давомдорро ифода меку-нан• Шаб киштӣ дар наздики чорҷӯй омада истода буд (с.192). Дар "Грамматикаи забони тоҷикӣ" шаклҳои болоӣ замони гузаштаи муайян номида шудаанд.
- Шакли истода шудан ва истода мешаванд, рафта истода мешаванд, истода мешуланд
Шаклҳои мазкур дар ҳашт ҷумлаи муаллифи асар кор фармуда шудаанд. Дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ин шаклҳо истеъмол намешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё шаклҳои мазкур аз шаклҳои нодуруст бошанд, лекин мазмуни ҷумлаҳое, ки дар онҳо феълҳо истеъмол шудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ба мазмуни ҷумлаҳо мувофиқати пурра доранд.
Дар забони адабии ибтидои асри XX ва дар асарҳои тадқиқкардашуда ин шаклҳои феълӣ дучор намеоянд, аз ин рӯ ин шаклҳоро танҳо ба услуби фардии Мирзосироҷ алоқаманд донистан мумкин аст. Агар ин шаклҳои феълӣ хусусияти умумиро мегирифтанд, дар оянда ривоҷ меёфтанд.
Шакли феълии рафта истода мешаванд дар забони адабии ҳозираи тоҷик кор фармуда намешавад, ба ҷои ин шакл дар забони адабӣ ва шеваҳои он рафта истодаанд, рафта меистоданд барин шаклҳо ҳастанд. Таркиби рафта истода мешаванд аз сифати феълии замони гузашта, феъли ёридиҳандаи истодан, аз асоси замони ҳозира-ояндаи феъл сохта шудааст. Ин шакл ба забони адабии ҳозираи тоҷик аз он ҷиҳат мувофиқат намекунад, ки феъли ёридиҳандаи истодан бо феъли ҳозира-оянда баробар кор фармуда намешавад. Шакли рафта истода мешаванд бо шакли рафта меистанд мазмунан мувофиқат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё