Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

рӯз дар Бурн буда ҷойҳои тамошо карданиро дида, ба ҳазор дилкашолии ва дилбастагӣ равонаи Франсия шудам (с. 103).

Шакли сифати феълии замони ҳозираи муайян бо феъли истодан як маротиба дучор гардид.

Дар забони адабии имрӯза сифати феълии замони ҳозираи муайян аз шакли якуми сифати феълии замони гузаштаи феъли асосӣ ва сифати феълии замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи истодан сохта мешавад: хонда истода - хонда истодагӣ.

Дар асар феъли ёридиҳандаи истодан ба вазифаи сифати феълӣ омадааст: Баъд аз наҳор бо лӯдкои эронӣ аз даҳанаи бандар савори пароход шудем, ки аз канора то ҷои пароходи ҷангӣ истодагӣ ба қадри як вирст камтар роҳ буд (с. 99).

Хусусияти дигари забони "Туҳафи аҳли Бухоро" дар истеъмоли суффикси -гор намоён мегардад. Нависанда ба воситаи ин суффикс аз сифати феълии замони гузашта (бо суффикси -а) ва аз асоси замони гузаштаи феъл шаклҳое сохтааст, ки вазифаи сифати феълиро адо кардаанд. Дар ин маврид суффикси -гор бештар ба ҷои суффикси -гӣ ва -й истеъмол гардидааст. Маълум, ки суффикси -гӣ дар насри ибтидои асри XX процесси акнун ба забон дохилшавиро пайдо карда буд, чунки дар асарҳои насрӣ ва назмии пешазреволютсионӣ суффикси мазкур хеле каммаҳсул буд. Мирзосироҷи Ҳаким ҳам суффиксиҳои -гӣ, -й ва ҳам -гор-ро баробар кор фармудааст: ман ҳам дар ин ҷо қасди мондан аз се рӯз бештар надоштам, вале корвони рафтагори Эрон пайдо намешуд (с. 215). Ба ҷояш қӯнсули дигаре муқаррар шуда буд, ки омадгор буд (с. 240). Бештари дӯкондорон яҳудиён буданд, ки аз тасарруфи рус қабл, аз Бухоро ва Хӯқанд рафта мондагор шуданд (с. 18).

Мирзосироҷ ба асоси замони гузаштаи феъл, ё ки ба сифати феълии шакли якум суффикси -гор ва -й-ро ҳамроҳ намуда, исмҳои абстракт сохтааст: Аз Бухоро ҷиҳати саёҳат омада, рафтагори Фарангистон аст (с. 48). Даҳ а рафтагори Сабзавор шудем (с. 124).

Устод Айнӣ низ ҳамин шаклро истифода кардааст: Аммо Алихон, ки фарзанди панҷумини бобоям буд, ба аспаш хурчини пурчораро бор карда рафтагори бозор буд, чунки ӯ чойфурӯши чорбозоргард буд (С. Айнӣ, Куллиёт, ҷ. 6, с. 37).

Калимаи рафтагор дар забони имрӯза, аз ҷумла дар асарҳои
С. Айнӣ ва С. Улуғзода истеъмол мешавад: дар ҳафтаи дуюм писари
амаки падарам Иброҳимхоҷа ба Дарвешобод рафтагор шуд (С. Айнӣ,

пешина
аз 159
навбатӣ