Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ва ғайраҳоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, ба назари ибрат тамошо карда, ба илму ҳунари онҳо бо муҳаббат нигоҳ кардааст. Масалан, туннели роҳи оҳани Тифлис ва Батумиро чунин тасвир карда, навиштааст: "...давлати рус маблағҳои куллӣ маҳориҷ гузошта, аглаби кӯҳҳоро бо тӯли масофат сӯрох намуда, аз миёни он роҳ бароварда, мошин ва роҳи оҳанро гузаронида, тунелҳои бисёр тӯлонӣ кашидаанд. Офарин ба муҳандисии онҳо! Тамоми ин санъатҳо аз баракати илм аст, танҳо ба пул муяссар намешавад".
Мирзосироҷи Ҳаким ба маданияти пешқадами халқи кабири рус ҳӯсни таваҷҷӯҳ дошт. Вақте ки ӯ Россия — мамлакати назар ба хонии Бухоро садҳо бор пешқадамро дид, ба ғами тақдири ватанаш шуд. Россия барои вай намунаи ибрат гардид. Ӯ вақти дар Россия буданаш ҳаёти он ҷо, урфу одати мардуми русро ба хубӣ омӯхт, бо муваффақиятҳои маданияти халқи рус аз наздик шинос шуд.
Нависанда аз ҳамроҳ карда шудани Осиёи миёна ба Россия хеле шод буд ва пешравиеро, ки ҳоло дар шаҳрҳои ин сарзамин дида мешавад, натиҷаи маданияту техникаи пешқадами русҳо шуморида менависад: "Собиқ агарчи ҳамин обу хок буда, ҳеҷ аз аҳқоми онҳо дар фикри ободии ин мулк набуданд, илму иттилоъ ҳам на-доштанд. Ҷуз зулм кардан ба раоё ва машғул будан ба лаҳву лаъб дигар фикру хаёле абадан дар хусуси ободӣ ва фалоҳат, ё тиҷорат ғанамудаанд... Ва он ҳама тараққиро баъд аз омадан ва тасарруф кардани рус намуда"34.
Мирзосироҷ шоир, нависанда, сайёҳ, инчунин публицисти за-монааш буд. Ӯ дар матбуоти даврӣ, алалхусус, дар рӯзнома ва маҷаллаҳои "Самарқанд", "Бухорои шариф", "Навбаҳор" ва "Оина" мақолаҳои зиёд навиштааст. Соли 1912 дар рӯзномаи "Бухорои ша-риф" таҳти сарлавҳаи "Лозими қироатхона ва китобхона" мақолаи тарбиявӣ навишта, илмро калиди ҳамаи донишҳо меҳисобад ва аф-сӯс мехӯрад, ки "чаро дар Бухоро китобхона ва қироатхонаҳои умумӣ нестанд?"35.
Нависанда дар саҳифаҳои газета бо унвони "Вазифашиносӣ" чандин мақола навишта, мардумро ба омӯхтани илм ва касбу ҳу-нар даъват мекунад: "Дар Бухоро кори таълиму тарбия тараққӣ дода шавад. Дар мактабҳои Бухоро талабагон илм намегиранд, бал-ки дар зери чӯбу калтак монда, аз баҳри илмомӯзӣ мебароянд. Дар мактабҳо, - менависад Мирзосироҷ, - ҳар як фан: забони тоҷикӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё