Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

моли тиҷорат баҳран аз Бритониё бо киштиҳои тиҷоратӣ ба Ҳиндустон хориҷ мешавад (с.93).

Суффикси -ан, ки махсуси арабӣ аст, бо калимаҳои арабӣ низ оварда шудааст: Он қадар банда дар Лӯндун корхона (фабрика) дидам, ки ба шумори рост намеояд, иттисолан ҳам дар гардиш буд (с.93). Ҳарду баъд аз ин хаёлро намудан маҳдудан озими Эрон шуда ба одами худ гуфтам (с.132). Афсӯс ки мо, ҳама мусулмоно- ни Осиёро хоби марг бурда абадан дар фикри ободӣ ва зиндагӣ нестем (с.234). Банда бо мушорунилаҳ собиқан мукотиба доштам (с.322).

Дар забони адабии имрӯза суффикси -ан ҳам зарфи тарзи амал ва ҳам зарфи замон месозад. Тавре ки мебинем, ҳамин гуна зарфҳо дар асари Мирзосироҷ ҳам истеъмол шудаанд. Истеъмоли ин гурӯҳи зарфҳо дар «Наводири Зиёия» ҳам бисёр дида мешавад. Масалан, аз калимаҳои сират, қатъ, муттафиқ ва сурат суффикси -ан зарфи тарзи амал сохтааст: Сиратан ва суратан маҳбубул- -қулуби замона шуд (с.6). Қатъан ном намегирифтанд (с.191). Ба- со вақтҳо мешуд, ки муттафиқан даромада... (с.190).

Нависанда аз калимаи русӣ-интернационалии телеграф ба во- ситаи суффикси -ан зарфи тарзи амал сохтааст ва он дар ду ҷум- ла истифода шудааст: Банда ҳам ба тоҷирони Маскав телегрофан хабар додам (с.126). Дувист манот пул телегрофан расида, раво- наи Маскав гардидам (с.108).

  1. Дар асар як қисм зарфҳои тарзи амал бо роҳи такрори калимаҳо сохта шудаанд ва дар сохтани онҳо пешояндҳо низ ишти- рок кардаанд: Ҷиҳати истиқомати амалагон қатор andar қатор сохта буданд (с.96). Манзил ба манзил ободӣ дорад (с.231). Из- диҳом ҳам соат ба соат зиёд мешавад (с.325).

Гурӯҳе аз онҳо бе пешоянд низ омадаанд.

  1. Суффикси -тар дар сохтани зарфҳои тарзи амал серистеъ- мол аст. Зудтар кӯшиш карда ҷилавгирӣ намоянд (с.239). Тезтар аз ин ҷо бояд рафт (с.49).

Гоҳо зарфи тарзи амал ба воситаи калимаи билкул ба маънои тамоман, куллиятан омадааст. Бояд қайд кард, ки ин тарзи ифодаи зарф дар асари Садри Зиё дар шаклҳои билкул ва билкуллӣ, дар забони Восифӣ дар шакли билқуллия (тамоман) низ кор фармуда шудааст: Баъзан борҳои киштии билкул мемонд (с.229). Аҳволашон билқуллӣ тағйир ёфт ("Наводири Зиёия", ...с. 129). Абвоби зулму

пешина
аз 159
навбатӣ