Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пешояндҳо чун ҳиссаи номустақими нутқ дар асарҳои тадқиқотии то як дараҷаи муайян омӯхта шудаанд. Тадқиқкунандагон вазифа ва моҳияти ин ҳиссаи нутқро хеле хуб нишон дода гузаштаанд.

Дар ин хусус кори тадқиқотии Р. Л. Неменова аз ҳар ҷиҳат ҷолиби диққат аст.

Хусусият ва вазифаҳои пешояндҳои "Туҳафи аҳли Бухоро" бо пешояндҳои забони адабии ҳозира умуман мувофиқат мекунанд, лекин баъзе пешояндҳоро дучор гардидем, ки дар забони адабии ҳозира дида намешаванд.

Дар асар аксарияти пешояндҳо умуман ба вазифаи худ истифода шудаанд. Дар баробари ин ҳодисаи анъанавии ба ҷои якдигар кор фармуда шудани пешояндҳо низ дида мешавад. Дар забони асар чунин пешояндҳои асосӣ истифода шудаанд: аз, ба, бо, дар, андар, то, барои, ҷуз ва ҷиҳати.

Баъзе аз пешояндҳо дар насри классикӣ ва забони адабии ибтидои асри XX бо вазифа ва тарзи истеъмоли худ аз вазифаи дар забони адабии ҳозира доштаашон фарқ мекунанд. Масалан, пешояндҳои ҷиҳати, андар, барои, дар ва бо дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" як андоза ба хусусиятҳои хос соҳиб мебошанд. Чунончи, пешоянти ҷиҳати дар забони асари Мирзосироҷ серистеъмол аст ва дар вазифа ва маъно бо пешояндҳои дигар, масалан, бо пешоянти барои ҳаммаъно ва ҳамвазифа шуда омадааст.

Р. Л. Неменова дар кори худ пешоянти ҷиҳати-ро ба гурӯҳи пешояндҳои номӣ дохил кардааст. Дар асари Мирзосироҷ пешоянти ҷиҳати серистеъмол мебошад ва бо пешоянти барои синоним шуда метавонад. Калимаи ҷиҳати бо изофа ва пешоянти аз якҷоя омада, пешояндҳои таркибӣ сохтааст: аз ҷиҳати пирӣ, аз ҷиҳати техникӣ 38. Ҷои ин пешояндро дар забони адабии ҳозира пешоянти барои гирифтааст. Мисолҳо: Ҳамон сол, ки дар Хӯқанд тиҷорат доштам, ҷиҳати саёҳат ба Туркистони рус ҳам рафтам (с. 9). Баъд ҷиҳати хариди пиллаи абрешим ба Фарғона рафта, дар он... чанде (аз унвони тиҷорат бимондам (с. 6). Пиллаи харидашударо тавассути бонки ҳитойский ба Марсел ҷиҳати фурӯш мефиристодам. Ҷиҳати банда як кӯшише намоед, шояд имконе пайдо шавад (с. 45).

Пешоянти ҷиҳати навиштааст Н. Маъсумӣ, — дар "Таҳзиб-ус-Сибьён"-и

пешина
аз 159
навбатӣ