Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
зарфҳо, ба ҷои якдигар истеъмол ёфтани пешояндҳо ва ғайра ба забони адабии имрӯза ва ба забони зинда наздик будани забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-ро нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин назар ба забони адабии имрӯза серистеъмол будани ҷамъбандии арабӣ, ҳанӯз кор фармуда нашудани баъзе суффиксҳои исмсози забони адабии ҳозира, овардани муайянкунанда пеш аз муайяншаванда, истеъмол нашудани суффиксҳои сифатсози -ча, -тоб, сифатҳои таъкидӣ, сиғаи эҳтимолӣ бо суффикси -гист, истеъмоли шаклҳои нақлии нопурраи феъл ва монанди инҳо аз забони адабии ҳозираи тоҷик фарқ кардани забони "Туҳафи аҳли Бухоро" ва ба забони насри классикӣ ҳамҳудуд будани онро собит менамоянд.
Ҳамин тавр, бо вуҷуди баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи лексикӣ, грамматикӣ ва услубии забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким бо характери худ бо забони адабии ҳозираи тоҷик умумият дорад. Хусусиятҳои забони "Туҳафи аҳли Бухоро" ба забони адабии асри XIX ва ибтидои асри XX хос буда, далели он аст, ки вай барои омӯхтани таърихи забони адабии тоҷик яке аз сарчашмаҳои муҳим ва боэътимод ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, умедворем, ки ин рисолаи ба таҳлилу тадқиқи забон ва қисман услуби "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким ва муайян намудани баъзе майлу равияҳои ба худ хоси эҷоди ӯ бахшидашуда, барои равшан кардани таърихи як давраи хеле муҳими инкишофи забони адабии тоҷик — давраи ибтидои асри XX ба қадри имкон ёрӣ хоҳад расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё