Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам вазнинтар гардид. Дар тамоми марҳилаҳои инкишофи насри классикӣ ду равия - ду услуб: соддабаёнӣ ва мураккабнависӣ амал мекард ва аз якдигар фарқ дошт.

Равияи содданависӣ дар асрҳои IX-X, ба гуфти аҳли тадқиқ, дар забони адабӣ мавқеи муносибро ишғол менамуд, зеро "насри ин давра (асри X) бо вуҷуди таъсири дуру дарози забони араб, дохил шудани калимаҳои бегона, дар тарҷума риоя карда шудани қонуни забони арабӣ... хусусиятҳои қадим ва аслии худро хеле хуб нигоҳ дошта омадааст".3

Ҳар ду услуб ҳам тарафдорон ва эҷодкорони худро дошт. "Онҳо, ки дар ҳаёт ва эҷодиёти худ ба халқ наздик буданд, манфиати халқ, тартиботи одилона ва беҳбудии зиндагиро тарафдорӣ намуда, ба тартиботи мавҷудаи ҷамъиятӣ ва синфҳои ҳоким каму беш бо назари танқид нигоҳ мекарданд, услуби содданависиро пеш гирифта буданд".4 Ҳамин хулосаи Н.Маъсумиро ба тамоми давраҳои тараққиёти забони адабӣ вобаста кардан ва раво дидан мумкин аст. Пайравони равияи содданависӣ кӯшиш мекарданд, ки асарҳояшон дастраси умум гардад ва мардум аз он баҳраманд шаванд. Вале тарафдорони услуби содданависӣ хеле кам буданд. Ба ҳар ҳол дар ҳар як марҳилаи забони адабӣ адибон ва нависандагони ин равия дучор мегардиданд.

Равияи дуюм - услуби мураккабнависӣ буд ва бар зидди услуби содданависӣ нигаронида шуда буд. Равияи мураккабнависӣ ва мураққаббаёнӣ дар насри классикии тоҷик асосан аз услуби расмии дарборӣ сар шуда, характери умумӣ пайдо кардан гирифт.

Хусусияти ин услуб дар он буд, ки нависандагон дар тарзи баён ва ороиши сухан, калима ва ибораҳоеро истеъмол мекарданд, ки онҳо ё қадимию таърихӣ, ё аксаран калимаҳои арабии ба омма нофаҳмо буданд. Ҷумлаҳои тумтароқи печ дар печи якчанд пайвандакдор, тавсифҳои хушку холии бемазмуни дилгиркунанда, ибора ва ҷамъбандиҳои шикастаи арабӣ гӯё мазмуну мундариҷаи асарҳоро дарбар мегирифтанд. Хусусан калимаҳои арабӣ дар асарҳои онҳо чун калимаҳои забони модарӣ серистеъмол буданд. Тарафдорони ин равия бо забони арабӣ асар эҷод намуданро, бо гуфти олими машҳури Эрон - Муҳаммадтақии Баҳор, дӯст медоштанд ва касе, ки забони арабиро хуб донад, бо вуҷуди забони модарии худро надонистан вай олим ҳисоб мешуд.5 Ин услуб аз асрҳои XII сар карда, вобаста ба шароитҳои муайяни таърихӣ ва характери муносибатҳои

пешина
аз 159
навбатӣ