Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷамъияти феодалӣ, чун хислати хоси насри классикӣ расмият ёфта, дар ҷараёни адабӣ торафт мустаҳкам мегардид. Ин равия хусусан дар навишти асарҳои таърихӣ, қасида ва мадҳи подшоҳону амолокдорон ба дараҷаи "олӣ" расида буд, аз ин рӯ Ф. Энгелс забони "Равзат-ус-сафо"-и Мирхондро иборатороиҳои ниҳоят пуробуранги тоқатфарсо номида буд. Услуби мазкур то асри XIX ва ҳатто то ибтидои асри XX ҳамчун услуби ҳукмфармо дар наср амал мекард. Дар охири асри XIX муборизаи ин ду услуб вобаста ба тез шудани зиддиятҳои синфӣ хеле авҷ гирифт. Ин мубориза на танҳо дар байни ҷараёнҳои адабӣ, балки дар тарзи баёни асарҳои нависандагон низ мушоҳида мешуд.

То инқилоб забони наср аз ҳар ҷиҳат барои истеъмолкунандагонаш мушкил ва дастнорас буд. Ҳар як нависанда ҳаракат мекард, ки қобилият ва истеъдоди худро дар услуби дигар - бедилӣ низ санҷида бинад. Устод Айнӣ бо як сӯзу гудоз дар ин хусус навишта буд: "Дар замонҳои охир насрнависӣ, гуфта мешавад, ба таҳрири иншои мактубот махсус шуда монда буд. Беҳтарин муншӣ ва мактубнавис ҳамон кас ҳисоб меёфт, ки муддаоеро, ки бо як ҷумла ифода карданаш мумкин аст, дар ду саҳифа бо калимаҳои қофиядор печонад. Мактубҳо ва иншоҳо айнан мисли "Нуқот"-и Бедил буд. Фақат фарқ дар он ҷо буд, ки Бедил дар ибораҳои мушкили худ маъноҳои фалсафии дақиқро печонда ифода менамуд, аммо иншоҳои нуқотмонанди замони мо тамоман бемаънӣ буд"6.

Муҳаққиқи забони адабии тоҷик Р. Ғаффоров дар ин хусус чунин навиштааст: "Дар асрҳои XVII - XIX дар адабиёт ҷорӣ шудани сабки бедилӣ ба ҳар ду шоҳаи услуби бадеӣ - ҳам назм ва ҳам наср таъсири амиқе гузошта, забони адабиёти бадеиро боз ҳам мураккабтар намуд"7.

Гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки забони адабии тоҷик то инқилоб дар тарзи ифода асосан барои аҳли савод, ки миқдори онҳо зиёд набуд, хизмат мекард. Ин аҳвол, албатта, ба шароити таърихии он давр вобастагӣ дошт.

Аввалин касе, ки ин вазъиятро ҳис карда ба муқобили он мубориза эълон кардааст, маорифпарвари халқи тоҷик — Аҳмади Дониш буд. Забони адабӣ дар давраи ӯ пурра набозад ҳам, қисман ба тағйирот дучор гардид. Ӯ барои соддагии забон саъй намуд ва пайгирдони худро талқин кард, ки аз услуби пургӯии каммазмун ва суханбозии бемазмун даст кашанд, забони асарҳояшонро то дараҷае

пешина
аз 159
навбатӣ