Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

воҳида бар зовияи сулс, бар садри чаҳорпояи самоворе нишаста будам, шал ҷиҳати дари омаду шуди аҳбоб ба рӯи аҳволи худ барбаста, қазои андеша на чандон тангӣ пазируфта буд, ки ба хаёли фозиле оғӯши вусъат кушояд ва саффии оинаи хотир ба зангорӣ нуҳуфта, ки сайқали мулоқоти дидори комиле возидояд...

Дар ҳилоли ин ҳол дидбони дида ба ҳар тараф дурбини наззора меандохт ва қаровули назар ба тилискӯбандозии интизор мепардохт; нохост аз уфуқи пажӯҳиши ҳол се адад кавкаб... намоֵни соҳаи зуҳур гардид ва се нафар шахси амюмадор ҷилвафурӯши бозори ҳузур..." 16.

Аз ин порча дида мешавад, ки дар насри Асирӣ анъанаи душвору мураккабнависии пешина ва суйистеъмоли калимаҳои арабӣ ҷой доштааст. Устод Айнӣ беҳуда нагуфтааст, ки "Асирӣ дар назм баъзан дар наср тамоман мукаллиди Бедил аст" 17.

Ин ҳам бесабаб набуд, зеро таъсири анъанаи насри классикӣ ва услуби бедилӣ дар осори ӯ хеле қувват дошт.

САВДО

Савдо дар охири асри XIX ҳамчун шоири боистеъдод ва ҳозирҷавоб шӯҳрат ёфта буд. Ӯ зеҳни тез дошта аз ҷавонӣ ғайр аз забони модариаш забони арабӣ ва туркиро нағз омӯхта буд. Савдо ҳам монандӣ адибони ҳамзамони худ аз таъсири услуби анъанавии адабиёти классикӣ берун набуд. Дар асарҳои Савдо таъсири услуби бедилӣ зиёд ҳис карда мешавад. Савдо як миқдор шеърҳо дорад, ки дар пайравии Бедил навишта шудаанд. Аз ин сабаб баъзе шеърҳояш аз ҷиҳати тарзи баён душворфаҳманд. Лекин ӯ оҳиста-оҳиста дар натиҷаи таъсири асарҳои А. Дониш ва адибони пешқадами давр аз доираи таъсири бедилизм берун мебарояд. Савдо мефаҳмад, ки забон ва услуби душворфаҳми Бедил ба талаботи замон ҷавоб дода наметавонад.

Кӯшиши шоир доир ба истеъмоли калимаҳо қобили қайд аст. Қисми зиёди асарҳои Савдо бо забони содда навишта шуда, таркиби луғавии асарҳои ӯ аз калимаҳои гуфтугӯии халқӣ саршоранд. Дар як қатор шеърҳои ӯ лексикаи шеваи Бухоро афзун истифода шудааст. Номҳои таомҳои миллӣ ва номи таомҳое, ки ба забони аҳолии Бухоро ва дигар шеваҳо хос аст, дар ашъори Савдо фаровон истеъмол шудааст: пиёба, оши лахчак, тумбера, угро, мопобаҷон,

пешина
аз 159
навбатӣ