Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
кабоб, шӯлакаду, ҳалвоитар, оши кочӣ, шӯрбо, кичирӣ, бичак ва монандӣ инҳо. Ин калимаҳо дар шеваҳои Бухоро ва қисман Ленинобод серистеъмол мебошанд. Дар таркиби забони шеърҳои Савдо инчунин калима ва ибораҳои гуфтугӯии зиёде ҳастанд, ки мафҳумҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятиро ифода менамоянд: чул, кафш, бучул, қурок, олқундӣ, мундӣ, улфат, рилоф, сурма, юм, остин, лагад (дар шеваҳо лагат), махав (дар шеваҳо махов), чойҷӯш, фӯта, ошно, мубоҳ, қир, карбос, ўсма ва монандӣ инҳо.
Дар эҷодиёти Савдо як қатор калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳо, таркибҳо, ибораҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва инчунин калимаҳои узбекие дучор мешаванд, ки онҳоро шоир аз забони зинда интихоб карда ба асарҳои худ дохил кардааст: суроғ, ҳазар кардан, ваъдаи хушку қоқ, чиккаю пукка, ҷуфту тоқ, то дӯзда ҳаст дуд ба боло намеравад, дар шаби маҳтоб дуздӣ намешавад, дили омӯхта, ҷон гарав мондан, саги сагонат, ҷӯянда - ёбанда, по каҷ мондан, нохост, закум ва ғайра.
Хусусияти дигари забони осори манзумай Савдо ба истеъмоли калимаҳои тақлидии овозии вобаста аст. Ин калимаҳо низ серистеъмоланд: лиқ-лиқ, қул-қул, ҳур-ҳур, мяу-мяу ва монандӣ инҳо.
Дар забони назми Савдо серистеъмоли суффиксиҳои ифодакунандаи навозиш ва меҳрубонию дӯстдорӣ низ мушоҳида мешавад. Суффиксиҳои -ак, -акак, -ҷон назар ба асарҳои ҳамзамононаш зиёд истеъмол шудаанд: хурдакак, маҳбубак, ҳуштарак, момобачон ва ғайра.
Барои ин ки майли шоир дар истеъмоли лексикаи гуфтугӯии халқӣ ошкор карда шавад, фақат аз назар гузаронидани забони асари хурди ӯ "Музҳика" кифоя аст. "Музҳика" аз ҳикояҳои ҷудогона иборат аст. То вуҷуди серистеъмолии калима ва ибораҳои арабӣ забони асар хеле содда ва оммафаҳм мебошад. Ҳикояҳо ба мавзӯъҳои одобӯ ахлоқ, расму оинҳои халқӣ, маслиҳат оид занон дар муомила ба кӯдаконе, ки ҳанӯз фикри худро бо забон ифода карда наметавонанд ва ғайраҳо бахшида шудаанд.
Савдо барои пуртаъсирии ҳикояҳо аз забони зинда калимаҳои сачеко, сиҳҳатак, саломатак, пӯла, шӯла, дӯст, ошно, мадда, додарҷон, биникасак, келинбикка, дугона, аврат, зи, алас, онаҷон, ӯғай, кӯчурма, ибӣ, бикка, мушкилакам ва ғайраро гирифта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё