Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кӯшишҳо дар он даври характери прогрессивӣ доштанд ва "ин майл торафт зиёд мегардид ва дар ибтидои асри XX дар асоси анъанаҳои беҳтарини забони адабиёти классикӣ дар роҳи тараққии забони адабии тоҷик ва дар назму наср соддаву оммафаҳм кардани он қадами ҷиддие ба пеш гузошта шуд"19.

Профессор Ҳолиқ Мирзозода ҳам муносибати навҷӯенаи шоир Савдо ва шарикони вайро доир ба забон ҳодисаи мусбат гуфтааст20.

ШОҲИН

Бо таъсири Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ дар тарзи баёни шоир ва нависанда Шамсиддин Шоҳин низ баъзе тағйиротҳо ба вуҷуд омадааст.

Шоҳин шоири ҳақиқатҷӯ буд. Шиносии ӯ бо асарҳои А.Дониш, хусусан бо "Наводир-ул-вақоеъ" дар эҷодиёташ гардише шуд. Забони асарҳои ӯ монанди ҳамзамононеш аз таъсири анъанаи адабиёти классикӣ дур нарафтааст. Ҳол он ки забони шеърҳои ӯ аксаран соддаанд. Дар шеърҳои ӯ калима ва ибораҳои аз забони зинда гирифташуда, зарбулмасалҳо, ибораҳо, калимаҳои гуфтугӯӣ дар қатори синонимҳои адабии онҳо фаровон истеъмол ёфтаанд: ошно, йўрга, миннат кардан, тавба, чун хари гурусна ҳанг задан, ҷома, қамчӣ, аспак, дарди бедармон, кўп, улоқ, қишлоқ, қавунқоқ, шилтоқ, чул, дунбул, сунбул барин, тухми нимдунбул барин, гул барин, булбул барин ва ғайра. Ин калима ва ибораҳо забони шеърро содда, табиӣ ва дилчаспу шево намуда, барои таъсирбахш баромадани фикр ва зебоии сухан ёрӣ расонидаанд. Бо вуҷуди ин забони тамоми шеърҳои ӯро содда гуфтан мумкин нест, зеро калимаҳои архаистӣ ва арабии китобӣ то дараҷае ба мушкилии забони шеърҳояш сабаб шудаанд: абно, аббоз, банҷ, висоқ, вадуд, далқ, лам, музид, миндол, мул, соил, ҳуҷла ва ғайра.

Доир ба забони насри ӯ, баъзе мулоҳизаҳоямонро аз рӯи асари насриаш "Бадоеъ-ус-саносъ" баён мекунем.

Ин асар барои муайян кардани инкишофи идеявии эҷодиёти шоир аҳамияти калон дорад. Мувофиқи гуфти адабиётшинос Ҳ. Мирзозода "Бадоеъ-ус-саноъ" бо шакли нави ҳанӯз номи терминологии нагирифтаи худ дар адабиёти тоҷик ҳодисаи нави адабӣ мебошад. Асар дар шакли ҷумлаҳои алоҳида навишта шуда, зарбулмасал, мақол ва панду ҳикматро ба хотир меорад. Тарзи ифодаи дар

пешина
аз 159
навбатӣ