Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
бисёр мавриди пӯшида буда, аз киноя, рамз ва истиораҳои печ дар печ пур аст“21.
Забони асар мураккаб аст, зеро хонанда ҳангоми бори аввал аз назар гузаронидани он мақсади нависандаро якбора пай бурда наметавонад.
Дар асар чунин хусусиятҳоро мушоҳида мекунем:
-
Аксарияти ҷумлаҳо ба тариқи зарбулмасал ва мақол оварда шудаанд: “шалғами пухта бо нуқраи хом ҳамранг аст, обгина ба алмос ҳамсанг аст, ё ки аз кунҷораи ҷувоз бар гӯсфанди охури думба пиростан сирф муҳол аст”, “нодон ақл надорад, доно ёрои нақл”, “туфанги бетир киро аз по нишонд ва палангӣ беҷанг киро аз ҷо фишонд”, “заминро дона деҳ, то хирман даравӣ ва тӯтиро шакар деҳ, то сухан шунавӣ” ва райраҳо. Серистеъмолии зарбулмасал ва мақолҳо сабаби соддагии забони “Бадоеъ-ус-саноеъ” шудаанд.
-
Хусусияти дигари забони “Бадоеъ-ус-саноеъ” дар истеъмоли калима ва ибораҳои гуфтугӯии халқӣ мушоҳида шуд. Шоҳин аз қабили он нависандагони ҷараёни халқиест, ки калима ва ибораҳои зиёди гуфтугӯии халқӣ ва узбекиро аз забони зинда ба таркиби асараш дохил кардааст: калова, кунҷора, ҷувоз (ҷувӯз - дар шеваҳо), охур, зомин, ҳавсала, рӯдаи кайк, тоҷи хурӯс (гули тоҷи хурӯс), бодбезак, дос (дост), остин, йур, ҷул, ҳарак, ем, катак, тузоқ, қоразпеч, каллай гӯсола (ҷонварест, ки сараш ба каллай гӯсола монандӣ дорад). Ин ном дар шеваи тоҷикии Бухоро кор фармуда мешавад. Дар шеваи тоҷикии Самарқанд “чашми гӯсола” мегӯянд. Дар шеваи Ӯротеппа низ “каллай гӯсола” меноманд.
-
Хусусияти дигари тарзи баёни “Бадоеъ-ус-саноеъ” серистеъмолии насри мусаҷҷаҳ мебошад. Чунончи: “шалғами пухта бо нуқраи
хом ҳамранг аст, тафовут ту медонӣ. Обгина ба алмос ҳамсанг
аст, агар метавонӣ”, ё ки “дарё пур аз гавҳар, ку шиновар? Осмон саросар ахтар аст, лекин куҷо ситорашумор?” -
Хусусияти дигари забони асар боз дар он аст, ки шакли ифода ва тарзи баёни ӯ дар назари хонанда содда намуда, аммо мантиқан назарфиреб аст. Нависанда дар зери калимаҳои соддаи ҳамафаҳм мақсади асосии худро пинҳон кардааст. Аксарияти калимаҳо фаҳмо, лекин аз матн ё ҷумла маънои уқуий баровардан кори
басо мушкил аст. Ин шакли ифода танҳо маҳсули даврест, ки дар
он режими ҳукумати феодалӣ ниҳоят сахт ва бераҳм аст. Давраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё