Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
1909-15 навишта шудаанд, бо вуҷуди ин ҳар кадом хусусияти мушкилии забон ва осонфаҳмӣ доранд.
Порчаи аввал, ки ба қалами Гулшанӣ мансуб аст, дар тарзи ифода содда буда, танҳо як миқдор калимаҳои душворфаҳм дорад. Ғайр аз ин калимаҳои арабӣ ва ҷамъсозии арабӣ ҳам миқдоран камтар буда, тарзи алоқаи калимаҳо ва ҷумлаҳо бо забони адабии имрӯза наздикӣ дорад. Ва ба маврид аст қайд намоем, ки дар ин асар шаклҳои анъанавии феълҳои классикии типи гуфтан-дӣ, рафтандӣ, феълҳои нақлии ноқиси типи мерафта, мегуфта истеъмол нашудааст. Ин далел бар он аст, ки нависанда аз шаклҳои феълии насри классикӣ, ки ҳамчун анъана истифодааш давом мекард, даст кашида, ба ҷои он шаклҳои феълии ба забони халқ мувофиқро истеъмол кардааст.
Вале порчаи дуюм, ки ба қалами Садри Зиё мансуб аст, назар ба порчаи якум ҳам аз ҷиҳати тарзи ифода ва ҳам аз ҷиҳати серистеъмолии калимоти арабӣ ба куллӣ фарқ дорад. Дар ин порча услуби мураккабнависӣ бо тамоми банду басташ риоя шудааст ва тарзи суханронии нависанда ба хонандагон нофаҳмост. Вале порчаи дуюми ҳаҷвии он, бо вуҷуди истифодаи баъзе калимаҳои арабӣ дар асоси равияи соддабаёнӣ навишта шудааст. Одатан порчаҳои ҳаҷвӣ ва забони ҳаҷв дар тамоми марҳилаҳои таърихии забони адабӣ содда ва оммафаҳм будаанд, ки инро аҳли тадқиқ низ қайд намудаанд.
Забони асарҳои Садри Зиёро тамоман душвору мураккаб гуфта ҳукм кардан ҳам аз рӯи инсоф нест, зеро нависанда дар баъзе мавридҳо бо услуби хеле "баланд" сухан гуфта бошад ҳам, гоҳо ба забони соддаи оммафаҳм фикри худро ифода кардааст.
Дар тарзи баёни мундариҷаи "Наводири Зиёия" ду услуб — содданависӣ ва мураккабнависӣ муҳоҳида намешавад.
Устод Айнӣ дар роҳи содданависӣ хизмати А.Дониш, Мирзосироҷи Ҳаким ва Сомиро, дар асарҳош «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» ва «Намунаи адабиёти тоҷик» махсус қайд намуда, илова ва менамояд, ки Садри Зиё ҳам дар наср ҳамчун равияи Аҳмади Дониш ва Сомиро давом ва инкишоф медод ва ӯ (Садри Зиё — С.ҳ.) аз иншонависии машҳури замони худ буд. Инҳо, мактуб ва хотироти худро боз ҳам соддатару оммафаҳмтар карда менавишт»24
Гуфтаи устод Айнӣ нисбат ба забони асарҳои Шарифҷон-махдум Садри Зиё далели он аст, ки нависанда дар содда кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё