Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Порчаи сеюм аз "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким:
"Махфӣ мабод, ки ин банда дар овоне, ки панҷсола будам, падарам маро ба дабистон ниҳод, то синни даҳсолагӣ саводи форсиам баромада ҷузъи хату саводи форсиро доро шудам. Баъдро қариб ду сол дар манзили худ пеши як нафар муаллими босавод баъзе мутолиаи китоби форсӣ, ахлоқӣ ва таворих ва ашъор ва нисоб ва луғоти арабӣ ва ғайра менамудам. Баъдро, чун касби обоии банда саррофӣ буд, бинобар фармудаи падарам бо ҷузъи сармоя машғули касб гардида, ба яке аз дӯконҳои саррофӣ нишастам. Бо вуҷуди он ағлаби майлу шурлам дар хондану навиштан буда, баъд аз як соли аз касб, ба замми он пеши як нафар муаллими русидон шурӯъ ба хондан ва навиштани забони русӣ намуда, дар муддати шаш моҳ хондан ва навиштани хати русиро балад шудам. Ҷузъи муҳовара ҳам пайдо намудам. Рӯзҳо оинобар доду ситоди саррофӣ оu рус ҳам тарафи саволу ҷавоб мешудам. Пас аз он дар яке аз мактабҳои русӣ, ки тоза дар Бухоро мафтӯҳ шуд, дохил шуда, як сол таҳсили лисон, риёзӣ, ҷуғрофӣ намудам. Ағлаби шабҳо дарс мегирифтам ва бар аксари газетаюи русӣ ва туркӣ обуна гардида туркиро ҳам хуб балад шудам". (Мирзосироҷи Ҳаким, "Туҳафи аҳли Бухоро", Когон, 1913, саҳ. 3)
Нависанда шаҳру деҳаҳоро чунин тасвир менамояд: "Хӯқанд яке аз некӯтарин шаҳрҳои Осиё аст. Мамлакати бисёр ободу ху-обу ҳавост. Тиҷорат ва фалоҳати он рӯз ба рӯз дар тараққӣ аст. Дар паҳлӯи Хӯқанд русҳо шаҳри тозае ба таври дилхоҳи худашон сохтаанд. Хеле ҳам маҳораҷот намуда, хуб обод кардаанд, сад чанд аз шаҳри аввалӣ беҳтар асту нарвтар. Ҳар сола чандин сад ҳазр адл пунба, чандин сад ҳазор пут пилла ба амал меояд. Ин ҳама тараққиро баъд аз омадан ва тасарруф кардани рус намуда, собиқ агарчи ҳамин обу хок буда, ҳеҷ як аз ҳукоми онҳо дар фикри ободии ин мулк набудаанд. Илм ҳам надоштаанд. Ҷуз зулми кардан ба раоя, дигар фикру хаёле абадан дар хусуси ободӣ ва фалоҳат ё тиҷорат нанамудаанд. Осоре, ки гузоштаанд, ҳамон ду-се адад мадраса ва як арки бо чандин ҳазор доғи дили мардум..." (Ҳамон асар, саҳ. 67-68).
Порчаҳое, ки аз се асари насрии ибтидои асри ХХ ҳамчун намуна овардем, аз ҷиҳати тарзи баён, таркиби лексикӣ, ифодаи категорияҳои грамматикӣ, истифодаи калимоти арабӣ аз ҳамдигар ба таври куллӣ фарқ доранд. Гарчанде ин асарҳо дар давоми солҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё