Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Истеъмоли калимаҳои русӣ-интернационалӣ дар ибтидои асри XX нисбат ба давраҳои пеш боз ҳам ҷоннок гардид. Дар ин давр ба забони адабӣ гурӯҳ-гурӯҳ калимаҳои русӣ-интернационалӣ дохил шудан гирифтанд.

Мирзосироҷ калимаҳои русӣ-интернационалиро нисбат ба адибони дигар дар асараш бештар истифода намудааст. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" зиёда аз 200 калима ва ибораҳои бо калимаи русӣ тоҷикӣ сохташуда дучор гардид. Калимаҳои русӣ-интернационалӣ айнан бе тағйирот, бо тағйири овозҳо дар асоси мутобиқ кардан ба талаффузи маҳаллӣ, инчунин бо роҳи тарҷумаи озод ва калька ба кор бурда шудаанд: карол, императур, жондорм, губернатур, бирҷа, искалот, кифтансе, увтӯмӯбил, трамвай, истанса, кондухтур, истакан, устуул, самовор, иликтрик, рупия, марка, франк, ревалусия, портия, парламен, боржум, плон, фомилия, диплом, прогром, румон ва ғайра.

Мирзосироҷ аввалин бор дар таърихи забони адабӣ бо таъсири забони русӣ суффикси фамилиясози -уф, -ов, -ев-ро истеъмол намудааст.

Ҳодисоти дигари муҳим, ки дар услуби Мирзосироҷ мушоҳида шуд, аз забони халқ истифода кардани баъзе шаклу воситаҳои грамматикӣ ба ҳисоб меравад.

Дар қисмати морфология бошад, нависанда чунин шаклу воситаҳоро ба кор бурдааст, ки онҳо дар забони адабии пешина дучор намешаванд, ё дучор шаванд ҳам хеле камистеъмол буданд, ё ки дар забони асарҳои ҳамасрон ҳамчун шаклҳои нав ба назар мерасанд. Ин шаклҳо хусусияти халқӣ-гуфтугӯӣ дошта барои соддагии забони асар ва ба фаҳми халқ наздик шудани он роли бағоят муҳимро бозидаанд. Муҳимтарини ин шаклу воситаҳо ба сурати зерин мебошанд:

I) Дар қисмати исм ҳодисаҳои асосӣ инҳоанд:

Нисбат ба асарҳои пешина дар ҷамъбандии исмҳо мавқеи суффикси -ҳо васеъ шудааст; ҷамъбандии тоҷикӣ бар ҷамъбандии арабӣ ғалаба намуд; тарзи ҷамъсозии арабӣ аз рӯи қоидаи ҷамъи шикаста (мукассар) ниҳоят маҳдудтар буд; ҳаводис - ҳодиса, мадорис - мадраса, авқот - вақт, асокир - аскар, фунун - фан ва ғайра; суффикси ҷамъбандии арабӣ -ин ҳам як дараҷа камистеъмол шуд: мусоигин, маҳбусин, муъминин, муаллимин, хоинин, муҳандисин; дар категорияи ном ҳамчун ва ягонагии исм, ки то поталочи

пешина
аз 159
навбатӣ