Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асри ХХ аксар бо артикли -е сурат меёфт, ба воситаи асари нависанда тағйироти ҷиддӣ дохил шуд, яъне калимаи як ба ҳамин вазифа сер истеъмол гардид: як моҳ - моҳе, як тазкира - тазкирае, як бор - боре. Ин тарзи ифода бештар ба забони зинда алоқаманд аст.

Дар қисмати сифат бошад, ба ҷои шакли анъанавии ифодаи одами хуб, коре бузург шакли одами хуб, кори бузург бештар ҷорӣ гардид.

Дар боби шумора баъзан нависанда ба ҷои шумораҳои миқдорӣ ифодаҳои халқии як моҳу се рӯз, як бисту панҷ ва шумораи миқдории нави миллионро истифода бурдааст.

Ҷонишинҳо низ хусусияти халқиро соҳиб шуданд. Нависанда ҷонишинҳои моҳо, шумоҳо, шумоёнро, ки дар насри классикӣ кам-истеъмол буданд, ба нормаи забони адабӣ дохил намуд. Ҷонишини шахси сеюми ҷамъи эшонро нависанда ба маънои иҷтимоиаш — шахси диндор кор фармуд. Ҷонишини таъкидии ҳама дар шаклҳои ҳамаамон, ҳамаашон, ҳамаатон, ҳамагӣ хеле серистеъмол гардид.

Дар боби феъл бошад, бисёр шаклҳоеро дучор мешавем, ки дар тарзи ифода ба забони гуфтугӯӣ наздикӣ доранд:

  1. Нависанда ба ҷои замони гузаштаи ҳикоягии (гуфтандӣ, рафтандӣ) насри классикӣ шаклҳои мегуфтам, мерафтам, ки хусусияти забони умумихалқиро дорост, истифода бурдааст.
  2. Шакли замони ҳозираи муайяни (рафта истодаам, хонда истодаам) ва дигар шаклҳои замони муайян бо феҳли ёрӣдиҳандаи истодан, ки то ибтидои асри ХХ дар забони адабӣ хеле кам истифода мешуд, дар ин давра хусусияти умумиистеъмолӣ пайдо кард. Феъли ёрӣдиҳандаи истодан дар забони халқ серистеъмол буд.
  3. Шакли замони гузаштаи нақлии ҳикоягии ноқис - мегуфта, мерафта, ки хоси насри классикӣ буд, дар шакли пуррааш ифода мегардидагӣ шуд: мегуфтааст, мекардааст, неомадааст ва ғайра.
  4. Феълҳои таркибии типи: мекунад бикунад, нашуда буд монд, бовад мекард, мешавад меравад, натавонистам бикунам, мехост мекард танҳо дар асари Мирзосироҷ истифода шудааст: Боз дар тобистон, ки дарсхонаҳои Бухоро таҳтил мешавад, меравад (саҳ. 218). Ҳоҳо, ки қӯнсул ҳам бо ман шахсан тараф шудааст, ҳар чӣ мекунад, бикунад ва маро ҳам ҳар куҷо мефиристад бифиристад (с.331). Ғанда дар ҳаққи ӯ хидмате натавонистам бикунам (с.122).
  5. Ифодаи сифати феълӣ бо суффикси -гӣ ҳам дар шакли замони гузашта
пешина
аз 159
навбатӣ