Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
миён омадааст.
Насри охири асри XIX ва ибтидои асри XX назар ба насри гузашта содда буд, вале аз насри имрӯза ба маънои томам фарқ мекунад.
Маорифпарварон бо асарҳои худ равияи содданависиро қувват дода бошанд ҳам, дар соҳаи демократӣ кардани забон танҳо майлу кӯшиш зоҳир карда тавонистанду халос. Бинобар он ин майлу кӯшиши демократӣ кардани забони адабиро фақат ибтидои кор ҳисоб кардан мумкин аст. Барои комилан анҷом додани ин кор дар он замон шароит набуд. Ин кори бузургро, ки маорифпарварони гузашта фақат орзу карда метавонистанд, баъд аз инқилоби Октябрь, баъди ташкил шудани Республикаи Советӣ Социалистии Тоҷикистон устод Айнӣ ва нависандагони дигар боз ҳам равнақу ривоҷ доданд ва масъалаи демократӣ шудани забон ва ташаккули забони адабии миллии тоҷик бо муваффақият ҳал карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё