Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

хабар воқеъ гаштани пуркунандаҳои бевосита ва ҳоли макон, қиёс ва сабаб характернок аст:

Аз бандар то Қаротеппа чаҳор фарсах роҳ аст бо об (с. 283) он рӯз корҳоро тамом карда омадем сандархона бо ҳоҷибарот (с. 158). Мирзомуҳаммадамини муншӣ кайфияти бандаро шурӯъ кард ба хондан (с. 161). Баъд аз сайри китобхона омадем ба тамошои бори ваҳшӣ. Аз он ҷо омадем ба китобхона (с. 36). Савораи фойтун аз васоити бозор ва чорсу сайруҷунон омадем музейхона (с. 67).

Баъзан муайянкунандаҳо пеш аз муайяншаванда ва баъзан муайянкунандаҳо пас аз хабар омадаанд, ки инро дар забони зинда бештар дучор мегардем: бад ҷое, бад одаме, бад шаҳре, хуб коре; Тифлис шаҳрест обод ва хушобу ҳаво (с. 96); Бекуглиро собиқ арз намудам бисёр маҳалли покиза ва хуштартиб (с. 39).

Ин хусусият дар забони адабии имрӯза ҳам дучор мегардад: ӯ бачае буд хушрӯй, боадаб ва ақлнок (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо, с. 29).

Дар забони адабии ин давр ҳодисаи нав - истеъмоли аломатҳои китобат ва ҳамчунин дар хат пайдо шудани онҳо воситаи муҳиме гашт, ки дар содда ва фаҳмо гардидани таркиби ҷумлаҳо кӯмак расонид. Дар истифодаи аломатҳои китобат нормаи қатъӣ дида намешавад ҳам, таваҷҷӯҳи Мирзосироҷ бо он аз ҳар ҷиҳат сазовори таҳсин аст. Ӯ ҳам таломати китобатро истифода кардааст.

Чунинанд мулоҳизаҳои мухтасари мо ба он унсурҳои забони зинда, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ба воситаи асарҳои нависандагони пешқадам барои соддаю фаҳмо ва ба фаҳми халқ наздик шудани забони адабӣ замина гузоштаанд.

Агар ба насри пешазреволюционии тоҷик боз ҳам чуқуртар ва дақиқтар назар намоем, чунин чиз ба назар мерасад, ки байни пайравони услуби содда ва мураккаб аз қадим боз мубориза давом кардааст ва тамоили содданависӣ баъзан дар фаъолияти як қатор адибони пешқадам қувват гирифтааст. Масалан, равияи содданависӣ аз «Надоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ пурзӯр гашта онро А. Дониш инкишоф додааст. Гарчанде забони «Надоеъ-ул-вақоеъ» аз баъзе ҷиҳат ба фаҳмиши хонандагони имрӯза душвор бошад ҳам, бо гуфти устод Айнӣ, дар муқоиса бо асарҳои насрии дигар насри бисёр содда ва зидди анъанаҳои насрнависии он замон буд.

Насри пешинаро бо маънои том насри содда ва оммафаҳм гуфтан мумкин нест, зеро насри содда пас аз революсияи Октябр ба

пешина
аз 159
навбатӣ