Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
аст. Ба ин маънӣ сафарҳои чандинсолаи нависанда барои эҷоди асараш бетаъсир намонданд, ба ӯ имконият доданд, ки чизи навро аз кӯҳна фарқ намояд.
Таркиби луғавии забони "Туҳафи аҳли Бухоро" хеле бой буда, дар он воҳидҳои луғатӣ, инчунин воситаҳои грамматикӣ бо рангу тобишҳои гуногун зоҳир шудаанд. Аз назар гузаронидани забони асар нишон медиҳад, ки муаллифи он аз сарчашмаҳои забони адабӣ - забони зиндаи гуфтугӯӣ, эҷодиёти даҳонии халқ - фолклор, забони адабиёти классикии тоҷик ва манбаъҳои дигар моҳирона истифода кардааст. Забони "Туҳафи аҳли Бухоро" асосан дар асоси нормаи забони адабии ибтидои асри XX (услуби содданависӣ) навишта шудааст. Ҳаминро ҳам бояд ба эътибор гирифт, ки ба ҳар як асар шароиту замон, ҳодисаю воқеаҳои дар он шароит ба вуқӯъ омада ҳатман таъсир мерасонанд. Албатта нависанда аз таъсири муҳит ва муносибати ҳамзамонон берун монда наметавонад. То революсияи Октябр ба забони адабӣ - китобии тоҷик калима ва ибораҳои арабӣ аз ҳад зиёд дохил шуда буданд. Дар асари Мирзосироҷ низ миқдори муайяни калима ва ибораҳои арабӣ дучор мешаванд, бо вуҷуди ин дар ин асар арабизмҳо назар ба асарҳои мавҷудаи ибтидои асри XX хеле каманд.
Ғайр аз ин, дар ҳар як асари бадеӣ вобаста ба тасвири муҳити атроф унсурҳои шевагӣ низ роҳ меёбанд. Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" калимаҳои шевагӣ миқдоран каманд. Нависанда дар рафти тасвири ҳодисаю воқеаҳо барои аниқ нишон додани предметҳо инчунин аз калимаҳои шевагӣ истифода мекунад. Вале дар асар калимаҳои шевагии фаҳмо, аниқ ва муайян истифода шудаанд.
Дар таркиби луғавии асар гурӯҳҳои гуногуни лексикӣ дида мешаванд. Пеш аз ҳама, ба чунин гурӯҳи калимаю ибораҳое дучор мешавем, ки вобаста ба тасвири шароит ва муҳити давр истифода шудаанд, ки хусусияти хоси он давраро нишон медиҳанд. Ба ин гурӯҳ хусусан калимаҳои таърихӣ ва архаистӣ тааллуқ доранд.
Лексикаи асарро асосан гурӯҳи калимаҳои гуфтугӯии халқӣ, адабии китобӣ, русӣ-интернационалӣ, узбекӣ ва калимаҳои арабӣ талқих менамоянд. Ҳар кадоми ин гурӯҳи калимаҳо хусусияти хос доранд.
Калимаҳои гуфтугӯии халқӣ
Яке аз роҳҳои асосӣ ва воситаҳои нутқии бо забони содда ва омкафаҳм навиштани асари бадеӣ моҳирона истифода карда тавонистани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё