Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
забони гуфтугӯии халқӣ мебошад. Шароити ибтидои асри XX онро талаб мекард, чунки забони адабии китобӣ барои омма хеле мушкилфаҳм шуда буд. Забони халқ "анбори ночинашаванда" не бошад ва аз он ба забони адабӣ гузаштани калима ва ибораҳо мунтазам ра пайваста давом мекунад. Дар ин процесс калимаҳо аз санҷиш гузашта ба як қолаби муайян медароянд. Адибони нуқтасанҷ маҳз ҳамин гуна калимаҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Нависанда, пеш аз он ки калимаеро аз забони халқ гирифта дар асараш истифода намояд, ба мазмун ва маънои он диққат дода, ба омма то кадом андоза фаҳмо будани онро ба назар гирад.
Нависандагон на ҳама вақт калимаҳои гуфтугӯии халқиро ба асари худ дохил мекунанд. Онҳо аввалан ҳаминро ба назар мегиранд, ки калимаи қабулмешудагӣ дар байни омма маълуму равшан аст ё не? Агар аксари мардум онро фаҳманд, дар он сурат калимаи мазкурро ба забони асарашон дохил мекунанд.
"Боигарии забони халқро санъаткорона истифода бурдан, — менависад Н. Маъсумӣ, — боиси ифоданокӣ, таъсирнокӣ, борангубориктабиисоддагӣ, халқият ва реализми сухани бадеӣ мегардад. Сухани халқ бо самимияти хоси худ пур аз фикру ҳисси ҳаётӣ, пур аз тобишҳои нозуки маъноӣ мебошад. Вай ба забони асари бадеӣ дохил шуда ба асар қувваи фавқулоддаи зиндаи ҳаётӣ ва табиӣ мебахшад"1. Бо вуҷуди ин нависанда дар кор фармудани калимаҳои гуфтугӯии халқӣ хеле эҳтиёткор буданаш лозим аст. Чунон ки мисолҳои истифодаи калимаҳои халқӣ шаҳодат медиҳанд, Мирзосироҷ низ ҳамин нуқтаи назарро ба инобат гирифта дар асар калимаҳои забони гуфтугӯиро бо ҳамин усул кор фармудааст. Нависанда дар асар асосан ҳаёт ва зиндагии мардумони Бухоро, Афғонистон, Эрон ва як қатор шаҳрҳои аврупоии охири асри XIX ва аввали асри XX-ро тасвир мекунад. Мирзосироҷ вобаста ба тақозои тасвир дар мавриди зарурӣ аз боигарии забони зиндаи халқ мувофиқи дониш ва фаҳмиш истифода кардааст. Калимаҳои гуфтугӯии халқии асар мафҳумҳои гуногунро ифода менамоянд:
І. Дар асар як гурӯҳ калимаҳое ҳастанд, ки мафҳумҳои предметӣ дошта бо синонимҳои адабии худ баробар истифода шудаанд. Нависанда барои роҳ надодан ба такрори бенаврид муродифҳои адабии онҳоро истифода бурдааст: шариҳ-ҳамроҳ, рафиқ-сино; пӯй-шавҳар, ҳамболият, ҳдисар. Муаллиф ба мазмуни аслӣ ва тобишҳои маъноии ин калимаҳо диққат дода, онҳоро дуруст дар мавқеи худ кор фармудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё