Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Шумораи дувист дар адабиёти классикӣ ва дар забони форсии Эрон (ба тарзи талаффузи хос) ба маънии дусад ба кор бурда мешавад. Дар асар дар ин шакл истеъмол шудани ин шумора давоми ҳамон анъанаи адабиёти классикӣ ва таъсири забони форсӣ аст.
Калимаи лак дар "Ғиёс-ул-луғот" ин тавр шарҳ дода шудааст: "Адади маъруф, ки сад ҳазор бошад, лекин ба ин маъні ҳиндист, зеро ки ҳиндиён барои шумори мартабаҳо муқаррар кардаанд"17. Дар асар ин шумора ба маънии сад ҳазор кор фармуда шудааст: Баъд аз си ҳазор манот, ки ду лаксиккаи Бухоро бошад, зиёд карданд (с.194). Мавоҷиби ин як лаку чиҳиl ҳазор қӯшуни саворав пиёда ва тӯбчиро ба қадри кафофи ҳар чаҳор ба чаҳор моҳ аз хазона барот карда мешавад (с.273).
- Чи хеле ки Н. А. Маъсумӣ дар "Очеркҳо оид ба инкишофи забони тоҷикӣ" қайд мекунад: "Ҳар чиз бо номи муқаррарӣ ва услуби суханронии давра"18 гуфта мешавад. Гурӯҳи дигари калимаҳои таърихиро калима ва ибораҳои ифодакунандаи муносибатҳои давлатӣ, молиявӣ ва муомилоти савдо ташкил мекунанд, ки "бо номи муқаррарӣ ва услуби суханронии давра гуфта шудаанд. Ба ин гурӯҳ калимаҳои динор, манот, туман, маноти русӣ, қирон, марка, пул, зарби Бухоро, сиккай Бухоро, лира, тумани Эронӣ ва монандӣ инҳо дохил мешаванд.
Калимаи туман - пули сиккадори Эронӣ буда, дар муомилоти хонигарии Бухоро низ ба кор бурда мешавад, ки як туман баробари даҳ қирон аст. Қирон пули нуқраи Эрон аст.
"Ғиёс-ул-луғот" калимаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад: туман - ба маънии даҳ ҳазор кас ва дар туркӣ иборат аз бист рупия19: писари ӯ наъши падараро ба ҳазор туман аз туркманон харида, ба шаҳр оварда дафн кард (с.228).
Динор - пули тиллоӣ ё қоғазии Эронро гӯянд, ки ба шакли дирҳам ва дирам ҳамчун ченаки ягонаи вазн ва пул дар Бухоро ва Эрон кор фармуда мешавад.
"Ғиёс-ул-луғот" чунин менависад: динор ба маънои ҷинсе аз ҷомаи абрешим ва паробро гӯянд20.
Дар луғати "Бурҳони Қотеъ" калимаи динор ба маънии зари сурх эзоҳ дода шудааст21.
Дар асар ин калима ба маънои пул низ истифода шудааст: махориҷи он аз тарафи давлат ва миллат буда, ба одами таҳсил кардагӣ диноре харҷ надошт (с.89).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё