Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар асар истифода шудани ин гуна калимаҳо дар он шароити муайяни таърихӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба тарзи махсус давом кардани тағйироти забониро нишон медиҳад.

КАЛИМА ВА ИБОРАҲОИ РУСӢ-ИНТЕРНАЦИОНАЛӢ

То нимаи дуюми асри XIX калима ва ибораҳои русӣ-интернационалӣ дар забони адабии тоҷик хеле кам кор фармуда мешуданд. Калима ва ибораҳои русӣ асосан аз охирҳои асри XIX сар карда, мунтазам ба забони тоҷикӣ дохил шудан гирифтанд ва дар ибтидои асри XX миқдорашон афзуд.

"Ибтидои асри XX-ро давраи гурӯҳ-гурӯҳ ба забони тоҷикӣ дохил шудани калимаҳои русӣ номидан мумкин аст, зеро акнун ҳам дар назм ва ҳам дар наср калимаҳои русӣ истеъмол мегардиданд. Ин ҳодиса ҳамчун норма қабул карда шуда ва яке аз сарчашмаҳои нави бой гардидани таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба ҳисоб гирифта шуда буд"23 ҳамин вазъияти забон ба Мирзосироҷ ҳам таъсир кардааст. Мирзосироҷ чунин калима ва ибораҳои русӣ-интернационалиро истеъмол намудааст, ки як гурӯҳи онҳо дар асарҳои мутафаккирони гузашта ва муосиронаш Аҳмади Дониш, Савдо, Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, Садри Зиё24 дучор мешаванд ва гурӯҳи дигар ҳамчун калимаҳои нав ба назар мерасанд. Истеъмоли калимаҳои русӣ-интернационалӣ дар давраи мазкур, менависад Р.Раффоров, 25 аз як тараф, ба ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россия вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба таъсири революцияи соли 1905 ҳамбастагии қавӣ дорад.

Сабаби дар асар серистеъмол будани калимаҳои русӣ-интернационалӣ дар он аст, ки Мирзосироҷ аз овони ҷавонӣ дар назди як муаллими русидон ин забонро мустақилона омӯхта буд. Дар ин бора ӯ чунин менависад: "... баъд аз як сол аз касб, ба замми он пеши як нафар муаллими русидон шурӯъ ба хондан ва навиштани забони русӣ намуда, дар муддати шаш моҳ хондан ва навиштани хати русиро балад шудам... Рӯзҳо бинобар доду ситоди саррофӣ бо рус ҳам тарафи савол, ҷавоб мешудам. Пас аз он дар яке аз мактабҳои русӣ, ки тоза дар Бухоро мафтӯҳ шуд, дохил шуда, як сол таҳсили лиссӣ, риёзӣ, ҷуғрофӣ намудам. Аглаби шабҳо дарс негирифтам" 26. Ғайр аз ин, нависанда ба шаҳрҳои Россия ва чанде аз кишварҳои дигар сафар намуда, комёбиҳои он мамлакатҳоро бо

пешина
аз 159
навбатӣ