Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бо тақозои пароти таърихий ва ҳодисаҳои муҳими иҷтимоӣ барои такомули забони тоҷикӣ, хусусан барои такмили таркиби луғавӣ ва инчунин дар хат ва корҳои нашрияи забони тоҷикӣ як ҷараёни наве сар шуд, ки ин ҷараён ба воситаи асарҳои шахсони пешқадами давр мисли Мирзосироҷи Ҳаким сурат пазируфт. Гуфтан мумкин аст, ки Мирзосироҷи Ҳаким бо асари худ дар заминаи ҳамин процесо дар ибтидои асри ХХ барои бой намудани таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз ҳисоби калимаҳои русӣ-интернационалӣ хизмати поёне кардааст. Тадқиқоти материали мавҷуда аз ҷиҳати характери худ аз он шаҳодат медиҳад, ки забони русӣ аз ибтидои асри ХХ сар карда барои бой шудани таркиби луғавии забони тоҷикӣ яке аз сарчашмаҳои нав қарор гирифт. Гарчанде ки ин сарчашма (процесс) дар он давра ҳанӯз ба авҷи тараққиёт нарасида бошад ҳам, калимаҳои русӣ-интернационалии дар он давра ба забони тоҷикӣ дохилшуда ва дар асарҳои нависандагону шоирон инъикосуда дар он шароиту муҳит аҳамияти калон доштанд. Ин процесс пас аз революсияи Октябр хеле инкишоф ёфт ва калимаҳои зиёди русӣ-интернационалӣ ба таркиби луғавии забонамон дохил шуданд.

КАЛИМАҲОИ ЎЗБЕКӢ

Халқи тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯст ва бародар мебошанд. Решаҳои дӯстии ин ду халқро шахсони бузург хеле хуб тасвир кардаанд. Дар забони ин ду халқ бисёр калима ва ибораҳои иқтибосии якдигарро дарёфт кардан мумкин аст, ки ҳам дар забони тоҷикӣ ва ҳам дар забони ӯзбекӣ истеъмол мешаванд. Ин ҳодиса бесабаб нест, зеро дар ҳама гуна шароит забон ҳамчун воситаи муҳимтарини алоқа хизмат кардааст. Дар натиҷаи рафтуомад, додугирифт ва муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз як тараф, таркиби луғавии забони ӯзбекӣ бо калима ва ибораҳои тоҷикӣ бой шуда бошад (ва ин бештар ба назар мерасад), аз тарафи дигар, калима ва ибораҳои забони ӯзбекӣ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шуда, бо ин роҳ забони тоҷикӣ аз ҳисоби калимаҳои ин забон як андоза бой гардидааст.

Дар ибтидои асри ХХ баробари гурӯҳ-гурӯҳ ба забони тоҷикӣ дохил шудани калима ва ибораҳои русӣ-интернационалӣ, инчунин калимаҳои ӯзбекӣ ҳам мувофиқи талаботи замон ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ дохил шудаанд, ки онҳо ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти зиндагии мардуми тоҷик алоқаманданд. Нависандагони ибтидои

пешина
аз 159
навбатӣ