Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
асри XX дар истеъмоли калима ва ибораҳои узбекӣ принсипи ба омма фаҳмо будан, дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим давом карда омадан ва барои истеъмолкунандагон умумӣ будани калимаҳои иқтибосиро пеш гирифтаанд. Яке аз ин гуна нависандагон Мирзосироҷи Ҳаким буд.
Мирзосироҷи Ҳаким баробари омӯхтани забонҳои тоҷикӣ, арабӣ, русӣ ва фаронсузӣ забони туркиро ҳам аз худ кардааст. Барои шахси пешқадами давр Мирзосироҷ хусусан забони матбуоти даврии забонҳои туркӣ бегона набуданд. Аз тарафи дигар як қисми калимаҳои иқтибосии узбекӣ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ аз худ шуда рафта буданд. Аз ин рӯ, дар асари ӯ "Туҳафи аҳли Бухоро" ба миқдори муайяни калимаҳои узбекӣ дучор мешавем.
Калимаҳои узбекии асарро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:
- Гурӯҳи калима ва ибораҳои узбекӣ, ки на фақат дар асари Мирзосироҷ, балки дар асарҳои шоирон ва нависандагони ибтидои асри XX Садри Зиё, Мирзосодиқи Гулшанӣ низ истеъмол шудаанд. Ба ин гурӯҳ калимаю ибораҳое дохил мешаванд, ки барои муайян намудани характери баъзе ҳодисоти давр ва расму оини онвақта ҳамчун номгӯйҳои бо калимаю ибораҳои дигари тоҷикӣ ивазнашаванда истифода шудаанд: мингбошӣ (с. 178), хон (с. 149), оқсақол (с. 200), бег (с. 189), бегча (с. 189), элчӣ (с. 149), избошӣ (с. 310), элхонӣ (с. 223) ва монандӣ инҳо.
Баъзе аз ин калимаҳо суффиксҳои тоҷикиро қабул кардаанд: мингбошиён ва бегча.
- Калимаҳои узбекӣ, ки дар забони тоҷикӣ характери умумиистеъмолӣ пайдо карда, муродифҳои худро доранд. Дар кор фармудани ин типи калимаҳои узбекӣ нависанда барои тасвири воқеият, муҳит ва маҳал равшанӣ ва оммафаҳмии онҳоро ба эътибор гирифтааст. Ба ин гурӯҳ калимаҳои зерин дохил мешаванд: алочиқ — чайла; қишлоқ — деҳа, деҳот; қаровулхона — посбонхона; қӯшун — лашкар; қамчӣ — тозиёна; таяк — асо, чӯбдаст; йигит — бӯзбала, ҷавон; яроқ — аслиҳа; салғо — тӯҳфа ва монандӣ инҳо. Ин гурӯҳи калимаҳо дар забони халқ серистеъмол буда, махсусман, дар шеваҳои шимолӣ ба ҷои калимаҳои тоҷикӣ кор фармуда мешаванд. Калимаҳои номбурда дар байни тоҷику узбекҳо ба таври муштарак истифода мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё