Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
маънои феълии худро гум карда ҳамчун предмет истеъмол гардидааст.
Гурӯҳи дигари калима ва ибораҳои узбекӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми он замон алоқаманд буда, нависанда онҳоро дар мавриди худ истифода кардааст: кичик, яшасун, соҳлу, қаросавор, қароқутал ва ғайра.
Калимаҳои узбекие, ки вобаста ба характеристикаи моҳияти амалу ҳолатҳо истеъмол шудаанд, чунин хусусиятҳо доранд:
-
Калимаҳои узбекие, ки тобиши услуби таърихӣ дошта дар тасвири воқеаҳои шароити муайяни таърихӣ истифода шудаанд: хон, бег, озбошӣ, оқсақол, элчӣ, майдони түрткүл, деҳоти ҳочилар.
-
Калимаҳои узбекие, ки хусусияти терминологии дошта, барои конкрет нишон додани предметҳои тасвир истеъмол шудаанд: яроқ, таёқ, чоруқ, йигит, қамчӣ ва ғайра.
-
Калимаҳои узбекие, ки дар забони тоҷикӣ муродифи худро доранд, лекин нависанда онҳоро барои ба такрор роҳ надодан истеъмол намудааст: қишлоқ - деҳа; қаровулхона - посбонхона; йигит - ҷавон.
Мирзосироҷ дар истифодабарии калимаҳои узбекӣ чунин хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони тоҷикиро ба инобат гирифтааст, ки он қобили қайд мебошад:
-
Хусусияти лексикӣ: ҷузъи якум калимаи узбекӣ ва ҷузъи дуюм калимаи тоҷикӣ мебошад: қаровулхона, алочиқнишин.
-
Хусусияти морфологӣ: калимаҳои узбекӣ суффикси тоҷикӣ қабул кардаанд: яйлокҳо, кичиктар, ингбошиён.
-
Баъзе калимаҳои узбекӣ суффикси ҷамъбандии "от"-и арабӣро қабул кардаанд: яйлоқот.
Хулоса, Мирзосироҷ дар истеъмоли калимаҳои узбекӣ тақозои услубро ба назар гирифта асосан аз рӯи қоидаҳои грамматикии талаффуз ва калимасозии тоҷикӣ ба истифодаи ин гурӯҳи лексикаи иқтибосӣ муносибат кардааст ва берун аз заруррат калимаҳои узбекиро истифода набурдааст.
КАЛИМАҲОИ АДАБИИ КИТОБӢ
Дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» калимаҳои адабии китобӣ миқдори зиёдро ташкил медиҳанд. Онҳо дар пурқувват карда нишон додани объекти тасвири ҳодисаву воқеаҳо роли хеле муҳим бозидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё