Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Калимаҳои адабӣ бо хусусиятҳои хоси худ аз калима ва ибораҳои гуфтугӯии халқӣ ва аз терминҳои кӯҳнашудаю таърихӣ фарқ мекунанд.

Хусусияти фарқкунандаи калимаҳои адабии китобӣ он аст, ки "Онҳо дар забони зиндаи гуфтугӯӣ кор фармуда намешаванд ва дар забони адабии нормативӣ низ камистеъмол мебошанд. Ин гуна калимаҳо дар забони адабӣ бештар ба услуби китобӣ, услуби илмӣ, бадеӣ ва услуби суханронии тантанавию риторикӣ хосанд. Дар услуби суханронии оддии гуфтугӯӣ характернок нестанд"30.

Мирзосироҷ асари худро бо услуби хоси ибтидои асри XX навиштааст. Асар ҳам хусусиятҳои забони адабии классикӣ ва ҳам забони адабии ҳозираро дорост. Сабаби дар асар миқдоран зиёд кор фармуда шудани калимаҳои адабии китобӣ аз калимаҳои гуфтугӯии халқӣ ва дигар гурӯҳҳои лексикӣ дар он аст, ки шароити ибтидои асри ХХ ва услуби насри ҳайвонвақтаи тоҷик истеъмоли ин гурӯҳи калимаҳоро бештар тақозо доштааст. Монанди деҳкада, ноқус, кӯшк, ангубин, тимсол, мадфан, мадфун, мағмум, муқаддар, муртакиб, мамлув, сабқат, насб кардан ва ғайра ба гурӯҳи калимаҳои китобӣ дахл доранд ва дар истеъмоли хоси услуби китобӣ аз дигар гурӯҳҳои лексикӣ фарқ мекунанд.

Ин калимаҳо ба маъноҳои предметӣ, сифатӣ ва феълӣ соҳибанд. Калимаҳои мазкур дар забони адабӣ ва гуфтугӯӣ синонимҳои муносиби худро доранд. Калимаи тимсол дар забони адабӣ ва гуфтугӯӣ синоними расм, акс мебошад. Дар «Ғиёс-ул-луғот» ба маънии «сурату пайкар ва маҷозан фармони подшоҳӣ»31 шарҳ дода шудааст. Нависанда низ ин калимаро ба маънои сурат ва расм истисмол намудааст. Масалан, рӯи марка тисоли шоҳ ҳам буд (с.116). Кор фармуда шудани калимаи адабии китобии кӯшк ҳам бесабаб нест. Муаллиф дар бисёр мавридҳо синонимҳои ҳамин калима, аз ҷумла қаср ва қасрҳои баландро истифода бурда, ба такрори зиёд роҳ надодааст. Қаср - лафзи арабист ва тобиши услубии китобӣ дорад. Аз ин ҷиҳат ба ҷои якдигар истеъмол шудани онҳо ҳам ба услуб, ҳам ба мазмуни умумии матн халал намерасонад.

Дар луғати «Бурҳони қотеъ» кӯшк чунин шарҳ дода шудааст: бинои баландеро гӯянд ва ба арабӣ қаср хонанд32. Нависанда дар асар ин калимаро ба ҳамин маъно кор фармудааст: Ҳӯталҳои (ҳотел) бисёр олии бузурге дорад, ки ҳар як мисоли кӯшк аст

пешина
аз 159
навбатӣ