Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

-таҳти унвони "Ҳотифи тамаддун" 23 мақолае навишта, фаъолияти адабии нависандаро таҳлил намуд.

Вале ин мақола ҳам ҳаёту фаъолияти Мирзосироҷро пурра акс накардааст. Дар мақола оид ба фаъолияти ғоявӣ, публисистӣ ва ҳакимии Мирзосироҷ маълумоти муфассал дода нашудааст.

Соли 1973 Ҳ.Мирзозода "Ҳотифи тамаддуни нав" 24 ном мақолаи дигаре навишта, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мирзосироҷи ҳакимро хеле пурра ва ҳартарафа шарҳу эзоҳ додааст. Мақолаи мазкурро дар шарҳи тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти нависанда аз мақолаҳои пурра ва беҳтарин ҳисоб кардан мумкин аст.

Тадқиқотчӣ, пеш аз ҳама, нависанда, шоир, олим, публисист, ҳакими доно, сайёҳ ва маорифпарвар будани Мирзосироҷ - доктор Собирро бо далелҳо собит намуда, сониян, хислатҳои хуби одамияташро дар гуфтору рафтор, амалиёт ва кӯшишҳояш нишон додааст.

Ҳ.Мирзозода қайд мекунад, ки "Мирзосироҷ бо вуҷуди шоири хуб будан, дар таърихи адабиёти мо бо насри худ - сафарномааш "Туҳафи аҳли Бухоро" шӯҳрат баровардааст. Ин асар сайёҳатномаи муқаррарӣ набуда, дар он нуқтаи назари ӯ ба ҳаёт, баҳои вай ба воқеаҳо ва ҷаҳонбинии маорифпарвариаш акс ёфтааст".

Дар ин мақола нуқтаи назари Мирзосироҷ дар асоси сафарномааш таҳлил карда шудааст ва хонандагон аз он маълумоти дастрас гирифта метавонанд. Вале дар ин мақола ҳам оид ба фаъолияти публисистӣ ва ҳакимии Мирзосироҷ маълумоти пурра дода нашудааст.

Ҳангоми навиштани шарҳи мухтасари ҳаёти Мирзосироҷи ҳаким мо, пеш аз ҳама, ба асарҳо ва мақолаҳои худи ӯ такя намудем.

Мирзосироҷи ҳаким соли 1295 ҳиҷрӣ /мутобиқи соли 1877/ дар Бухоро дар оилаи сарроф таваллуд ёфтааст 26. Ӯ дар оғози асараш "Туҳафи аҳли Бухоро" чунин менависад:

Махфӣ мабод, ки ин банда дар овоне, ки панҷсола будам, падарам маро ба дабистон фитод, то ба синни даҳсолагӣ саводи форсиам баромада, ҷузъе хату саводи форсиро доро шудам. Баъдро қариб ба ду сол дар манзили худ, пеш аз як нафар муаллими босавод, баъзе мутолиаи китоби форсӣ, ахлоқӣ, таворих ва асвор ва нисоб ва луғоти арабӣ ва ғайра енамудам. Баъдро чун касби обоии банда саррофӣ буд, бинобар фармудаи падарам бо ҷузъе сармоя машғули касб гардида, ба яке аз дӯконҳои саррофӣ нишастам. Бо вуҷуди он майлу шурлам дар хондану навиштан буда, баъд

пешина
аз 159
навбатӣ