Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Онҳо тавонистанд осори нотакрори Ғаззолиро ба танзим дароварда, то замони мо ҳамчун бойгонии ақлу хиради мардумони Шарқи мусулмон дастраси ҳаводорони олами ҳикмату ирфон гардонанд. Вале мутаассифона, бисёре аз ҳамасрону муҳаққиқони каломаш ӯро «зиндӣқ», «кофар», «моддигаро» ва ғайра номида, худро натавонистанд аз қайди зоҳир берун созанд ва ба моҳияти аслии тафаккуру ҷаҳонбинии вай сарфаҳм раванд. Зеро шиносоии ӯ «барои ҳама кас муяссар нест. Дӯстону пайравон ва ҳамчунин душманону мухолифонаш ҳар кадом ба як назар бо ин марди аҷиб сару кор доранд, яке мутакаллим ва яке фақеҳ ва дигаре файласуф ва дигаре суфиаш медонанд, ҳар кас ба зеҳни хеш бо вай ёр мегардад ва аз дарунаш хабардор нест».
Ин нуқтаро яке аз муҳаққиқони барҷастаи осори Ғаззолӣ Генри Лауст низ ба тариқи нозукбинона хеле дуруст зикр намудааст: «Ҳама медонад, ки шинохти амиқи Ғаззолӣ – ин одами чандбӯъдӣ, ин ҳайюлои ғариби қарни панҷуми ҳиҷрӣ, ки дар миёни ҷамоат, ки дар раъси олитарин маносиб, ки дар канори халифа ва султону вазир бозӣ «танҳо» аст, ҳаққан кори душворе аст».
Сарфи назар аз умри ба нисбат кӯтоҳи худ имом Ғаззолӣ барои аҳли башар бойгонии бузурги маънавие боқӣ гузоштааст. Ин осори Ғаззолӣ аз нигоҳи асолат ва таъсире, ки ба ояндагон гузоштааст, дар ҷаҳони ислом камназир мебошанд. Хушбахтона, аз таълифоти илмии навиштаи вай аксарашон то замони мо расидаанд, зеро камтар тазкиранигороне ҳастанд, ки баъд аз марги Ғаззолӣ бо тафсил ва ё ихтисор чизе дар бораи вай нанавишта бошанд. Аз ин рӯ, Ғаззолӣ дар радифи он гурӯҳ донишвароне нест, ки дар муқаддимаи шарҳи осораш ба ин иборат оғоз кунем, ки мутаассифона ё бадбахтона аз ин нобиғаи бузургвор чизе дар даст намондааст. Баръакс, дар ҷаҳон камтар китобхонаи бузурге аст, ки чанд асари муҳим аз Ғаззолӣ дар он маҳфуз набошад. Ҳамин эътибору нуфузи осори Ғаззолӣ буд, ки уламои ислом ӯро «Саййиду-л-мусаннифин» лақаб монданд.
Баъзе муҳаққиқони осори мутафаккир чунин меоранд, ки агар асарҳои навиштаи Ғаззолиро бар тамоми замони зиндагияш, ки 55 сол буд, тақсим кунем ба натиҷае хоҳем расид, ки мувофиқи он Ғаззолӣ ҳар сол чор китоб таълиф намудааст. Воқеан ҳам дар мавриди теъдоди осори марди пуркоре чун Ғаззолӣ муболиға кардан ва ҳақиқатро бо афсона дар ҳам омехтан ҷои шигифте надорад. Зеро Ғаззолӣ ба мисли Арасту аз донишварони баландовозае аст, ки илова бар навиштаҳои аслии худаш ба гузашти замон китобҳои фаровони дигареро ба вай нисбат доданд. Ва мувофиқи гуфтаи баъзе аз муҳаққиқон миқдори китобҳояш аз 555 то 999 мерасад. Ин ҳамон миқдор китобест, ки нисбат ба гуфтаи худаш ба маротиб зиёд мебошад: «Бидон, ки ин доъӣ дар улуми динӣ ҳафтод китоб кард».
Дар «Мифтоху-с-саодат» 48 унвон, Забидӣ дар «Итҳофу-с-содоти-л-муттақин» (соли таълифаш 1193ҳ./ 1779м.) 80 унвон, Ҷалол Ҳумой дар «Ғаззолинома» 151 унвон, Морис Буиж (М. Воујес) дар «Китобшиносии Ғаззолӣ» (ба забони франсавӣ) 389 унвон, Абдурраҳмон Бадавӣ дар «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» 457 унвон зикр кардаанд. Албатта, бисёре аз ин асарҳо, ба хусус, онҳое, ки дар феҳристҳо ва китобшиносиҳои охир омадаанд, бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки таълифоти Ғаззолӣ нестанд. Қисмате аз онҳо, дар воқеъ бахшҳои аз як китобанд, ки ба унвони номи наве ёд гардидаанд ва бобҳои гуногуни як асари воҳид мебошанд. Қисми дигаре аз ин таълифот осори сохта ва тақаллубие мебошанд, ки бо номи Ғаззолӣ нашр гардидаанд. Як нуктаи муҳимро бояд низ фаромӯш накард, ки тамоми осори Ғаззолӣ ба мисли «Эҳёу улуми-д-дин», «Кимиёи саодат» ва ё «Мақосиду-л-фалосифа» ва дигар осори калонҳаҷмаш набуда, бисёре аз онҳо рисолаҳои хурд ва ё мақолаҳои чандсаҳифае мебошанд, ки номи мустақил доранд ва дар радифи осори Ғаззолӣ сабт гардида ва аҳёнан ба табъ расидаанд. Барои мисол танҳо тафсири Қуръон аз ҷониби Ғаззолӣ дар чиҳил ҷилд навишта шудааст, вале маълум нест, ки ин тафсирот чӣ гуна буданд ва дар куҷо махфузанд, ё ин ки аз байн рафтаанд.
Дар заминаи тартиби таърихии осори Ғаззолӣ ва муайян сохтани асилати онҳо ҳанӯз аз миёнаи қарни XI таҳқиқот оғоз гардидаанд Р. Гоша (R. Goschy) дар рисолаи бо номи «Дар бораи зиндагӣ ва осори Ғаззолӣ», ки дар соли 1858 ба хотири бузургдошт аз 800 солагии Ғаззолӣ дар Берлин ба забони олмонӣ ба табъ расид аз чиҳил китоби Ғаззолӣ ном бурда, доир ба асолати онҳо ба тафсил сухан мегӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё