Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Устодӣ феҳрист кардаанд ва микрофилми он ба ҳиммати ҳуҷҷатулислом Сайид Ҳусейн Мударрисии Таботабой дар ихтиёри мусахҳеҳ қарор гирифт.

  1. Нусхаи Китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон. Ин нусхаи бисёр мағлут танҳо шомили «Рубъи мунҷиёт» аст.

  2. Нусхаи Китобхонаи подшоҳии Афғонистон дар Кобул. Ин нусха дар сафҳаи 15 феҳристи Буркуйи бо шумораи 2206 муаррифӣ шудааст. Ва нигорандаи ин сутур ба лутфи марҳум Муҳаммад Довуд, Раиси Ҷумҳури вақт, тавонист асли нусхаро дар Кобул ба диққат ворасӣ кунад. Таърихи китобати нусхаи Кобул 1124 ҳиҷрӣ сабт шуда ва номи котибаш Муҳаммад Тоҳо ибни Абдурраҳим ибни Ҳоҷӣ Муҳаммади Сулаймон аст.

  3. Нусхаи Китобхонаи Донишгоҳи Сулаймония (дар кишвари Ироқ), ки дар таърихи 928 ҳиҷрӣ китобат шуда. Номи котиби он Фаромаз ибни Азизуллоҳи Дайламӣ аст. Ин нусха ба ҳиммати устод Фатҳиурраиси Мисрӣ, дар маҷаллаи «Сухан» (шумораҳои 11 ва 12, соли 1354 ҳ.ш.) ба ихтисор муаррифӣ шуд, то таъйиде бошад бар сиҳҳати номи мутарҷим, яъне «Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ».

Аммо нусхаи хаттии рубъҳои севвум ва чаҳорум – яъне, нимаи дуввуми ин тарҷума – дар Китобхонаи миллии Қоҳира ба номи «Дору-л-кутубу-л-қавмия» бар ҷой мондааст, ки хушбахтона, понздаҳ сол пеш ба ҳангоми сафар ба кишвари Миср тавонистам аз он микрофилм таҳия кунам, ва ҳам акнун филм ва акси он дар китобхонаи шахсии худам мавҷуд аст.

Аз файзи нусхаи мавҷуд дар Қоҳира буд, ки бароям мусаллам шуд ин китоб – аз рӯзгори Ғаззолӣ то ин таърих – танҳо як бор ба форсӣ тарҷума шуда, ва мутарҷимаш Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ буда,

пешина
аз 567
навбатӣ