Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Комрони Фонӣ дар мақолаи худ таҳти унвони «Феҳристи осори чопии Ғаззолӣ», ки дар шумораи севвуми маҷаллаи «Маориф» 1363 ҳ. ш. (Марти 1985) ба табъ расид, танҳо номгӯи осори чопии арабӣ ва форсии Ғаззолиро таҳти панҷоҳу ҳашт унвон ва бо тартиби алифбо зикр намудааст. Комрони Фонӣ дар мақолаи хеш хотирнишон сохтааст, ки вай номгӯи осореро дастраси хонандагон гардонидааст, ки тайи солҳои мухталиф дар кишварҳои араб ва Эрон ба нашр расидааст.
Лекин, аз назари мо, таҳқиқоти Абдурраҳмон Бадавӣ бо тамоми нуқсонҳо ва иштибоҳоташ комилтарин китобе доир ба таълифоти Ғаззолӣ мебошад ва эшон ҳафтоду ду номгӯи осори дурусти Ғаззолиро зикр кардааст, ки дар гуфтори мураттиби нашри форсии «Эҳёу улуми-д-дин», ки дар бахши дигари ин китоб меояд ба таври комил он осор зикр шудааст.
Чи тавре ки аз номгӯи таълифоти мутафаккир бармеояд, Ғаззолӣ аз донишмандоне буд, ки осори бисёре ба форсӣ ва арабӣ ба ёдгор гузоштааст. Ин таълифот мувофиқи тарҳбандии Абдурраҳмон Бадавӣ дар мароҳили мухталифи зиндагонии Ғаззолӣ иншо гардида, аз нигоҳи мазмун, мундариҷа ва моҳияти хеш гуногун мебошанд ва ҳар кадом мавқеву манзалати хосса доранд. Як қисми умдаи ин таълифот доир ба баҳсҳои Ғаззолӣ бо машшоиён, исмоилиён (ботиниён) ва насрониён буда, қисми дигараш дар бораи илмҳои ахлоқ, фалсафа, мантиқ, усул, фиқҳ, сиёсат ва ғайраҳо мебошанд.
Дар байни ин асарҳо «Эҳёу улуми-д-дин»-и вай, ки маъруф ба «Эҳёу-л-улум» ё «Китобу-л-Эҳёи» мебошад, муҳимтарин ва бузургтарин китобҳои ба забони арабӣ таълифёфтаи Ғаззолӣ маҳсуб мегардад. Чуноне ки дар «Табақоту-ш-шофеия»-и Субкӣ ва «Итҳофу-с-содоти-л-муттақин»-и Зубайдӣ дар таълифи «Эҳёу улуми-д-дин»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё