Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Пас аз Луи Масиниён нахустин баҳсро дар бораи ташхиси муаллафоти асил ва машкуки Ғаззолӣ Асин Паласиос1 оғоз кард ва китоби бузург дар чаҳор ҷилд ба номи «Рӯҳонияту-л-Ғаззолӣ» таълиф намуд, ки байни солҳои 1934-1941 мелодӣ дар Мадрид мунташир шудааст. Муаллиф дар ҷилди чаҳоруми ин китоб, аз сафҳаи 385 то 390, дар бораи китобҳои Ғаззолӣ аз ҳар лиҳоз баҳс карда ва далоили хешро дар мавриди китобҳои машкуки вай баён доштааст2.

Пас аз пажӯҳиши арзандаи Асин Паласиос аз мақолаи таҳқиқии Монтгомери Уотт метавон ном бурд, ки дар соли 1952 зери унвони «Сиҳҳати муаллафоти мансуб ба Ғаззолӣ» мунташир шуд3.

Он гоҳ Морис Байҷес4 барои тартиби таърихии осори Ғаззолӣ ба кори ҷомеътаре мепардозад ва дар такмили кори ховаршиносони пеш аз худ роҳи беҳтаре дар пеш мегирад, вале пеш аз он ки ҳосили кораш мунташир шавад, дар таърихи 22/01/1951 ба коми марг фурӯ меравад. Хушбахтона, кори ниматамоми ин донишмандро устоди лубнонӣ доктор Мишел Аллард5 такмил намуда ва дар соли 1959 мунташир кардааст.

Саранҷом, донишманди мисрӣ, доктор Абдурраҳмон Бадавӣ, аз маҷмӯи пажӯҳишҳои ховаршиносон ёрӣ мегирад ва ба нигариши китоби нафиси худ «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» мепардозад. Ин китоб ба муносибати ҷашнвораи ҳазорумин соли мелодии Абӯҳомид Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар тобистони соли 1960 мунташир

1 Asin Palacios 2 Машруҳи ин баҳсро дар муқаддимаи Абдураҳмони Бадавӣ бар китоби «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ», саҳ. 11 метавон дид.
3 W. M. Watt, JPAS, 1952, pp. 24-45.
4 M. Bouyqes, Essai.
5 R. P. Michel Allard.

пешина
аз 567
навбатӣ