Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БАРГЕ АЗ ҲАФТУМИН
МУҚАДДИМАИ МУСАҲҲЕХ
Сипоси бекарон якто Худоро, ки меҳраш дар вуҷудам ҷо гирифта. Худованди атобахшу хатопӯше, ки «ба зикраш ҳар чӣ бинӣ дар хурӯш аст», Худованде, ки дуъои нимашабро мустаҷоб ва зиндагиямро пойдор сохти то кори азиму душвори тасҳеҳу таҳшия ва чопи ягонаи тарҷумаи форсӣ аз «Эҳёу улуми-д-дин»-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, пас аз солҳо талоши пайгир дар панҷ муҷаллад ва шомили қариб чаҳор ҳазору анд саф-ҳа ба сурати мавҷуд ба камол расид. Гарчӣ ин кор ҳан-гоме ба камол расида, ки ҷони пуршӯрамро тани ран-ҷур даступо баста ва дили пурумедамро ҷисми фартути болу пар шикаста ва садои «Ирҷиъӣ ило Раббикӣ»-ро бо гӯши дил аз мавҷудоти перомуни худ мешунавам...
Матни «Эҳё» ба чаҳор рубъ – «Ибодот», «Одот», «Муҳликот», «Мунҷиёт» – тақсим шуда ва ҳар рубъи он шомили даҳ китоб аст ва ҳар китобаш ба мавзӯе аз мабоҳиси дину ахлоқ ва фалсафаву ирфони исломӣ их-тисос ёфтааст. Мутарҷими «Эҳё» мазияти тарҷумаи форсиро бар матни арабӣ чунин баён карда: «Ин тарҷумаро бар асли «Эҳё» ба се чиз мазият аст:
Яке он ки аз «Эҳё» ҷуз тозидонро манфаат нест ва аз ин тарҷума ҳам тозидонро манфаат аст ва ҳам порсихонро. Дуввум он ки аз аҳкоми «Эҳё» ҷуз як мазҳаб маълум нашавад ва аз ин тарҷума ҳар ду мазҳаб маълум гардад. Севвум он ки дар ин тарҷума қариб ҳазор «фои-да» хоҳад буд, ки «Эҳё» аз он холӣ аст ва баъзе аз фои-даҳо муайян аст бад-ин лафз, ки «мутарҷим мегӯяд».
МАЗОЁИ ИН ЧОП
-
Ҳуруфчинии муҷаддад бо мошини лайентрон бар асоси расмулхати роиҷ дар Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ.
-
Муқобалаи ҳамаи «Рубъи ибодот» бо акси нус-хаи хаттии тоза харидоришуда ва мавҷуд дар Маҷлиси Шӯро.
-
Муроҷааи муҷаддад ба матни арабии «Эҳё»-и чопи «Китобу-ш-шӯаб» ва шарҳи даҳҷилдии «Итҳофу-с-содати-л-муттақин...».
-
Машкул кардан (эъробгузорӣ)-и ояти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ва ашъори арабӣ.
-
Афзудани тавзеҳоти бештар дар поварақиҳо ва тарҷумаи ашъор ва ибороти арабӣ, ки ҷояш дар матни форсӣ холӣ буд, бад-ин ният, ки хонандаи ин донишномаи азими исломиро ба ҳангоми мутолаа ибҳоме бар ҷой намонад. Ва муаллиф ва мутарҷим ва мусаҳҳеҳ ва виростор ҳар як дар ҳадди нияти хайри хеш шомили раҳмат ва омурзиши Парвардигори ҳар ду ҷаҳон шаванд.
Ба умеди он ки ин чопи нафис аз тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин» муосирони соҳибдилро хушнуд созад ва ояндагонро ба дуои хайр во дорад.
Сайид Ҳусайн Ҳидевҷам
Теҳрон, бисту чаҳоруми меҳрмоҳи 1364 ҳ.ш.
Аввали сафару-л-музаффари 1406 ҳ.қ.
Ҳабдаҳуми октябри 1985 мелодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё