Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва риққати диёнату қиллати сиёнат эшонро бар он дошт, ки хостанд, ки мардумонро ба ихтилофи мазҳабайн танфир кунанд. Ва таАССУБ, ки сирати эшон аст, бар ин заиф бастанд ва қазияи «раматни бидоиҳо вансаллат»¹ дар миён оварданд. Ва чун толибони илм ва роғибон дар сухани ин заиф бештар ҳанафиён буданд – «кассара-л-Лоҳу фи-л-муслимина амсолаҳум» — ва аз ин заиф муояна карда, ки ҳакоиқи ҳар ду мазҳаб баён мекунад ва дар тақрири фазоили ҳар ду имом муболағат менамояд ва домани ирзи вай ҳаргиз ба гарди таАССУБ наёлудааст, бад-ин ифтиро рағбати эшон дар ҳаққи ин заиф зиёдат шуд - «Ҷазоҳуму-л-Лоҳу анҳу хайран ва шакара масоиҳум». Ва ҳосидон чун диданд, ки ин тариқ ҳам муассир нест, дар тазвиру эҳтиёл ва талбису ифтиол ва ифтирою бӯҳтон ва сохтани набиштаҳои дурӯғ муболағатҳо намуданд.
Изо лам наҷид фика мин мағмазин,
Салакно илайка тариқа-л-кизб.²
Ва чун кори шаҳре чунон шуд, ки тоифае худро аз акобири уламои он донанд авқоти худро дар макру ҳадиат ва таъну вақиат масруф гардонанд, аҳли онро хавфи хулули сагор³ ва бими нузули азоб бошад, чунон ки Қуръони маҷиб бад-он [13] нотиқ аст: «Ва казолика ҷаално фи кулли қарятин акобира муҷримиҳо лиямкуру фиҳо ва мо ямкуруна илло бианфусуҳим ва мо яшъуруна», ва дар ақаби он баён фармудааст: «Саюсибу-л-лазина аҷра-му сағорун инда-л-Лоҳи ва азобун шаддидун бимо қону ям-куруна1».
¹ Масал аст барон касе, ки айби худ бар дигаре ниҳад (Фароиду-л-мунчид).
² Чун дар ту айбе наяфтем ба сӯи ту роҳи дурӯғ дар пеш гирифтем.
³ Сагор - бало, хорӣ, ситам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё