Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ни Юнус мебошад. Ибни Юнус низ ба мисли Муртазои Забидӣ кӯшидааст бо истифодаи сарчашмаву манобеи динӣ ва илмӣ моҳияти «Эҳёи улуми-д-дин»-ро барои хо-нандагон ва муҳаққиқон равшан созад ва аз мақоми ар-зандаи Ғаззолӣ дифоъ намояд.

Лекин дар байни мардуми Эрон нисбат ба дигар осори зикршуда, асари Мулло Мӯҳсин Файзи Кошонӣ «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо фи таҳзиби-л-Эҳё» ҷой ва ма-қоми хосса дорад, зеро файласуфи шиамазҳаб Мулло Мӯҳсин Файзи Кошонӣ «Эҳёи улуми-д-дин»-ро ба ше-ваи аҳли шиа дароварда, муҳтавои онро бо орои кало-мӣ ва ривоёти шиаён омезиш медиҳад.

Ин асар дар соли 1046ҳ. (1636м.) навишта шуда, мафҳуми «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо» аз «Наҳҷу-л-балога»-и имом Алӣ гирифта шуда, маънояш «Роҳи дурахшон» аст. Китоб бо тасҳеҳ ва таълиқоти Алиакбар Ғиффорӣ дар 8 ҷилд ва дар беш аз 3000 саҳифа, дар соли 1339 шамсӣ дар Теҳрон ба табъ расид. Файзи Кошонӣ талхи-се ба асари худ навишта онро «Ҳақоиқ» ном мениҳад.

Ҷои таассуф дар он аст, ки файласуфе чун Файзи Кошонӣ бидуни таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори Ғаззолӣ ва далелҳои раддонашаванда ӯро дар пешгуфтори китоби «ал-Маҳаҷҷату-л-байзо фи таҳзиби-л-Эҳё»-и хеш ҷониб-дори аҳли шиа қаламдод менамояд. Вай чунин мешу-морад, ки Ғаззолӣ ҳангоми навиштани асари бузургаш «Эҳёи улуми-д-дин» дар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат қарор дошт ва аз ин сабаб ӯ ақидаҳои Ашъарӣ ва банд-ҳои фиқҳи ғайри шиаро дар китоби худ ҷой медиҳад. Лекин дар охири умри худ, ба андешаи Файзи Кошонӣ, гӯё Ғаззолӣ аз мазҳаби шофеӣ даст кашида ба мазҳаби дувоздаҳимомия ва ё исноашария мегаравад. Ӯ барои исботи фикри худ ба китоби «Сирру-л-оламайн ва кашф мо фи-д-дорайн», ки гӯё китоби Ғаззолӣ ҳаст ва

пешина
аз 567
навбатӣ