Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

дар низоми андешаи ҷаҳонӣ ва арзишҳои умумибашарӣ таъсири амиқе гузоштааст. Фалсафаи даврони исломии тоҷикон ҳамчун натиҷаи ҷустуҷӯи ақли риҷолони бузурги миллат дар шинохту маърифати оламу одам, зуҳуроти ҳастӣ аз аслу ҷавҳар, сарнавишту вуҷуд ва дарёфту шинохти мабдаи аввали пайдоиш ба шумоҳ рафта, гузоштани қадамҳои онҳо бо нури ақл ба қаламрави ношиноҳти ҳастӣ дар идроки ҳақиқату моҳияти зуҳурот ва падидаҳои оламӣ аст. Онҳо бо хониши китоби бе оғозу анҷом даст зада, дар ҷаҳони муаммооти фалсафа ғарқ шуданд ва дар торикиҳои он ҳайратзада дар ҷустуҷӯи Ҳақ гомҳои устувор бардоштанд. Дар байни ин риҷолон Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ, ки аз бузургтарин илоҳиётшиносон ва орифону фақеҳони ҷаҳони ислом маҳсуб мешавад, мақоми хосса дошта, тавассути осори нотакрори фалсафии хеш ганчинаҳои хиракунандаи илмӣ ва фарҳангиро пешорӯи на танҳо пайравони дини ислом, балки ҷаҳониён густурдааст.

Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолии Тӯсӣ аз равнақдиҳандагони осору андешаҳои бузургони ҷаҳони ислом ва ба хусус, фақеҳ ва олими машҳур, пешвои мазҳаб, илоҳиётшиноси нотакрор Шофей буда, дар паҳлӯи Абулҳасан Ашъарӣ, Боқилонӣ, Бағдодӣ, Мовардӣ ва Ҷувайнӣ яке аз такомулдиҳандагони мактаби каломи аҳли суннат ва ҷамоати Хуросони бузург маҳсуб мегардад.

Зуҳури Ғаззолӣ дар ин сарзамини мардхез падидае буд, ки мақоми калому ирфонро дар байни аҳли суннат ва ҷамоат, ба хусус ҷонибдорони маҳзаби шофей хеле ривоҷ бахшид ва ба хотири пешрафти улуми исломӣ саҳми бориз гузошт.

Умуман зуҳури Ғаззолӣ дар ин қаламрав тасодуфӣ набуда, асосу бунёди воқей, зарурӣ ва таърихӣ дошт, зеро зиндагии Ғаззолӣ ба замони қудрати сулолаи Салчуқиён,

пешина
аз 567
навбатӣ