Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

хонандаро ба хондани онҳо даъват месозад1. Дар паҳлуи ин Файзи Кошонӣ аз китоби «Сирру-л-оламайн кашф мо фи-д-дорайн», ки гӯё Ғаззолӣ навишта бошад ибораҳоеро дар хусуси воқеаи Ғадири Хум ва барҳақ шуморидани эътиқоди аҳли шиа далелҳои лозимаро меорад.

Файзии Кошонӣ чунин рафтори худро нисбат ба қисмати китоби «ал-Амр би-л-маъруф ва-н-наҳйи ани-л-мункар» низ давом дода, бо он андешаҳои Ғаззолӣ, ки бо онҳо мувофиқ нест, онҳоро ҳамчун иқтибос зикр карда, баъдан ба радди онҳо мепардозад ва аз ин тариқ мехоҳад мавқеи диниву эътиқодии аҳли шиаро дуруст нишон диҳад. Тамоми ибораҳо ва мафҳумҳое, ки Файзи Кошонӣ онҳоро қабул надорад аз китоб хориҷ сохта, ба ивази онҳо ибораҳои худро ҷойгузин менамояд, вале на дар муқаддимаи худаш ва на дар поварақ ва ё ҷои дигаре аз он ишора намекунад. Ҳатто пораҳоро аз ривоятҳои аҳли суннат ва ҷамоат доир ба аҳли солеҳони салаф ихтисор намуда, ба ивази онҳо ривоётеро аз манбаҳои дувоздаҳимомия меафзояд ва илова месозад.

Дар тамоми қисмҳои «Эҳёу улуми-д-дин», ба хусус дар «Рубъи ибодот» ва «Рубъи одот» аҳкоми фиқҳи аҳли суннатро, ки дар доираи фиқҳи мазҳаби шофеъӣ баён гаштаанд, аз байн бардошта, ба ивази онҳо аҳкоми фиқҳи аҳли шиаро дохил намуда, дар атрофи он фатвоҳои ноашариро ҷойгузини таълимоти Ғаззолӣ карда, аз онҳо мисолҳои зиёде овардааст. Илова бар ин қисми зиёде аз китоби «Амр ба маъруф» ихтисор намуда, боберо, ки ба вафоти Пайғамбари ислом ва хулафои рошидин бахшида шудааст, тамоман тағйир дода, аз зик-

1 Ҳамон ҷо. Инчунин нигаред: Китоби қавоиду-л-ақоид. — С. 265-266.

пешина
аз 567
навбатӣ