Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ҳадисе ривоят кунам: «Аз Рабиаи Абуабдурраҳмон шунидам, ки насаби мард сарои ӯст». Ва Ҳорун Рашид ҳам пурсид, ки сарой дорӣ? Гуфт: «На». Се ҳазор динор ба вай дод ва гуфт: «Бад-ин сарой бихар». Ӯ онро бистад ва дар ҳеҷ ваҷҳе харҷ накард. Ва чун Ҳорун ҳаракат хост фармуд вайро гуфт: «Бояд, ки бо мо мусоҳабат кунӣ, ки азми онро дорам, ки мардумонро бар «Муваттаъ» ҳамл кунам, чунон ки Усмон бар Қуръон ҳамл кард, ай, ҳамгинонро илзом намоям то бар аҳодиси «Муваттаъ» иқтисор кунанд ва аҳодиси дигарро, ки мухолифи он бошад, бигзоранд чунон ки Усмон илзом кард то бар он панҷ мусҳаф, ки набиштан фармуда буд, ба иттифоқи саҳоба иқтисор намоянд ва масоҳифи дигар, ки баъзе аз алфози он мухолифи ин панҷ мусҳаф буд, бисӯхт». Ва «Муваттаъ» китобест, ки Молик дар аҳодиси Пайғомбар тасниф кардааст ва дар ғояти сиҳҳат аст. Молик фармуд: «Ҳамл кардан бар «Муваттаъ» раво набуд бад-он чи асҳоби Пайғомбар – алайҳи-с-салом – пас аз вай дар шаҳрҳо мутафарриқ шуданд ва ҳадис ривоят карданд. Пас, дар ҳар шаҳре илме бошад. Ва Пайғомбар фармудааст [48], ки: «Ихтилофу умматӣ раҳматун»1. Ва аммо мусоҳабати ман бо ту ҳам натавонад буд, чи Пайғомбар фармудааст: «ал-Мадинату хайрун лаҳум лав кону яъламуна»2. Ва гуфт: «ал-Мадинату танфо хабасаҳо камо янфа-лкиру хабаса-л-ҳадид». Ай, Мадина бадии онро дафъ кунад, чунон ки дамаи оҳангар рими оҳанро. Ва ин ки динорҳои шумо ба руммат3 камо ҳия бар ҷой аст, хоҳед бистонед, хоҳед бигзоред. Ай, ба таклифи муфорақати Мадина бадон мекунӣ, ки дар ҳаққи ман накӯӣ кардай? Ман дунёро бар Мадинаи Пайғомбар ихтиёр накунам».
1 Ихтилофи уммати ман раҳмат аст.
2 Муқим шудан дар Мадина барои эшон (асҳоби Паёмбар) беҳтар аст, агар медонистанд.
3 Ба руммат - ҳамагӣ, бачумлагӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо