Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

– бар марде гузашт, ки мардумон бар вай фароҳам омада буданд. Гуфт: «Ин чист?» Гуфтанд: «Марди бисёрдон аст». Гуфт: «Чӣ чиз донад?» Гуфтанд: «Шеър ва нисбатҳои араб». Фармуд, ки илмест, ки суд надорад ва ҷаҳли он зиён накунад. Ва гуфт: «Иннама-л-илму оятун муҳкаматун ав суннатун қоиматун ав фаризатун одилатун». Яъне илм нест, магар ояте, ки мансух набушад ва ё хабаре, ки аз Пайғомбар дуруст шавад ва ё ҳукме, ки дар сиҳоми маворис баробари ояту хабар бошад, бад-он чи аз Китоб ё аз суннат мустанбат бувад. Ва бар қавли дигар, «ҳукме, ки дар сиҳоми маворис бар сабили адл бошад». Пас, ҳавз дар нуҷум иқтиҳоми хатар аст ва иртикоби ҷаҳл – бефоида – бад-он чи мақдур1 буданӣ аст ва эҳтироз номумкин. Ба хилофи тибб, ки ҳоҷат бад-он мосса2 аст ва бештар адиллаи ӯ аз он ҷумла аст, ки бар он мутталеъ тавон шуд ва ба хилофи таъбир3, ки агарчи тахминист, аммо ҷузвест аз чиҳилу шаш ҷузви пайғомбарӣ ва бехатар аст.

Ва сабаби севвум ҳавз аст дар илме, ки ҳавзкунанда мустақили он набуд, ки он дар ҳаққи вай накӯҳида аст, чун омӯхтани илмҳои борик пеш аз илми зоҳир ва баҳс аз сиррҳои Илоҳӣ, чи фалосифа ва мутакаллимон онро ҷустанд ва истиқлоли он надоштанд. Ва истиқлол бад-он ва воқиф шудан бар туруқи баъзе аз он ҷуз анбиё ва авлиёро нест. Пас, воҷиб аст, ки мардумонро аз талаби он боздоранд ва ба чизе, ки шаръ бад-он нотиқ аст руҷӯъ фармоянд, чи соҳиби тавфиқро он басанда аст. Ва бисёр кас дар илмҳо ҳавз карданд [ва бад-он зиёнкор шуданд ва агар ҳавз накардандӣ ҳолашон дар дин беҳ аз он будӣ, ки ҳавз карданд]. Ва мункир машав, ки илм баъзе мардумонро зиён дорад, чунон ки гӯшти мурғ [53] ва ҳалвои латиф тифли

пешина
аз 567
навбатӣ