Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

рад, ки ба ҳалок туро дар охират наздик гардонад, агар раҳмати Ҳаққ таъоло туро дарнаёбад.

Ва бидон, ки табибон дар илоҷ бар сиррҳое мутталеъ шаванд, ки нодонон онро мустабъад1 [шуморанд]. Пас ҳамчунин [пайғомбарон] табибони дилҳоанд ва доно ба асбоби зиндагонии охират. Пас, бар суннати эшон ба маъқули худ таҳаккум макун, ки ҳалок шавӣ. Ва бисёр кас буд, ки ангушти вайро оризае расид ва ақли ӯ он иқтизо кард, ки онро тило2 кунад, то табиб вайро танбеҳ кард, ки илоҷи ӯ тилои китф аст аз ҷониби дигар аз тан ва ӯ онро бағоят мустабъад шумурд аз он рӯй, ки кайфияти шох задани пай3 ва растангоҳҳои он ва дар ҳам бофтани он бар тан намедонист. Пас дар роҳҳои охират кор ҳамчунин бувад ва дар дақоиқи суннатҳои шаръ ва адабҳои он. Ва дар ақидатҳо, ки мардумонро бад-он таъаббуд фармудааст, сиррҳои латиф аст, ки дар қуввати ақл имкони иҳотати он нест. Чунон ки дар хосияти сангҳо корҳоест, ки илми он бар аҳли санъат пӯшидааст, то ҳеҷ кас сабаби кашидани магнитис оҳанро наметавонад донист. Ва аҷойбу ғароиб, ки дар [54] эътиқодҳо ва амалҳост ва оростани он дилҳоро ба сафову нақо4 ва таҳорату зако ва шоистагии тараққӣ ба ҷавори Ҳаққ таъоло ва тааррузи нафаҳоти фазли Ӯ беш аз он аст, ки дардору хошокҳост.

Ва чуноне ки ақл аз манофеидоруҳо қосир аст, бо он ки таҷрибаро дар он мадхал аст аз дарёфти он чи дар ҳаёти охират суд дорад, қосир аст, бо он чи дар он таҷрибаро гузаре нест. Ва таҷрибаро дар он он гоҳ мадхал будӣ, ки мурдае аз охират ба дунё боз омадӣ ва хабар кардӣ аз

1 Мустабъад — дур, чизе, ки баид ба назар ояд, ношуданӣ.
2 Тило кардан — андуд кардан, доруе, ки бар узв моланд. (Ҳидояту-л-мутааллимин).
3 Иншиоби риштаҳои асабӣ.
4 Нақо — покизагӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ