Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
тарс любошад, балки ҳамеша онро будан бе илми дигар дилро сахт кунад ва тарсро аз вай бибарад, чунон ки аз мутаҷарридони он дида мешавад. Ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Лаҳум қулубун ло яфқаҳуна биҳо»¹. Ва бад-ин нодир ёфтани маъниҳои имон хост, на фатовӣ.
Ва лаамрӣ фиқҳу фаҳм ду ном аст як маъниро, валекин мо ҷуз дар одати истеъмол, ки дар қадим ва ҳадис будааст, сухан намегӯем. Ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Ла антум ашадду раҳбатан фи судуриҳим мина-л-Лоҳи золика бианнаҳум қавмун ло яфқаҳун»² (оя). Ки [камии] тарси эшон аз Худой ва бузургдошти эшон тарси халқро ба андакии фиқҳ ҳавола кардааст. Пас бингар, ки ин аз чӣ зоид: аз ёд надоштани фаръҳои фатовӣ ё аз надонистани ин илмҳо, ки ёд кардем? Ва Пайғомбар дар ҳаққи вафде³, ки хидмати ӯ омада буданд, гуфт: «Уламоу ҳукамоу фуқаҳоу».
Ва Саъди Иброҳимро пурсиданд, ки фақеҳтарини аҳли Мадина кист? Гуфт: «Парҳезгортари эшон». Пас чунонастӣ, ки ба самараи фиқҳ ишорат кард ва мусмири тақво илми ботин аст, на фатовӣ ва акзия⁴. Ва қола — алайҳи-с-салом: «Ало унаббиукум би-л-фақиҳи кулли-л-фақиҳ? Қолу: Бало. Қола: ман лам юқнити-н-носа мин раҳмати-л-Лоҳи ва лам юамминҳум мин макри-л-Лоҳи ва лам юӯйис-ҳум мин рӯҳи-л-Лоҳи ва лам ядаа-л-Қуръона рағбатан анҳу ило мо сивоҳу». Ай, фақеҳи комил он аст, ки [мардумонро] аз раҳмати Ҳаққ таъоло дар охират ва осоиш додани ӯ аз ранҷи дунё навмед нагардонад ва аз макри ӯ омин накунад ва Қуръонро нагузорад ба сабаби рағбат дар ҷуз он. Ва Анас⁵ аз Пайғомбар — алайҳи-с-салом — ривоят кард: «Лаа-
1 Аъроф, 7:179.
2 Ҳашр, 59:13.
3 Вафд — гурӯҳ, даста.
4 Акзия (ҷамъи қазо), аҳком.
5 Анас ибни Молик.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо