Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки аз баракати вазири оқилу бомаърифат Низомулмулк дар таърихи низоми давлату давлатдории тоҷикон ва рушду такомули фарҳанги миллии тоҷик баъд аз Сомониён ба ҳайси саромадони худшиносии миллӣ хидмат намуданд, сипарӣ гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки бахусус дар аҳди Сомониён ва Салҷуқиён фалсафаву калом ва ирфони тоҷик ба пояҳои баланди худ расида, макотиби мухталифи онҳо по ба арсаи вуҷуд ниҳоданд.
Ҳамин даврони пуршӯру рисолатҷӯ ба тулӯи хуршеде зарурат дошт, ки бо шӯълаҳои тобноки рӯҳи андешаи хеш на танҳо ба ин сарзамини фарзонагон ва саромадони маъорифи башарӣ, балки ба фарҳанги олам гармиву равшанӣ ва азамат баҳшида, ҳамчун борони ҳаётбахш андешаву маърифати асри ҷадидро борвар созад. Намунаи комиле аз ҷамъи ҷовидонагони ин аср Ғаззолӣ ин рисолатро бар дӯши худ мегирад. Бедуни муболиға саросари умри бо фазлу баракати ин марди бузург дар шӯри донишандузиву мутолиа, ранҷи ҷаҳонгардиву шогирдпарварӣ ва баҳсу посухгӯӣ ба шубҳаҳои мухолифони хеш гузаштааст. Ба фармудаи худи ӯ: «Ин доъӣ... чиҳил сол дар дарёи улуми дин ғаввосӣ кард, то ба ҷое расид, ки сухани вай аз андозаи фаҳми бештари аҳли рӯзгор дур гузашт»1.
Воқеан ҳам каломи бузурги Ғаззолӣ аз андозаи фаҳми замонааш гузашта буд ва чуноне ки имом Фахри Розӣ овардааст: «Гӯйӣ Худо ҳамаи донишҳоро гирд оварда ва Ғаззолиро бар ҳамаи онҳо огоҳ сохтааст»2.
1 Ғаззолӣ. Мактуб ба Султон Санҷар//Макотиби форсии Ғаззолӣ.
Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Аббос Иқбол Оштиёнӣ. -Теҳрон, 1333ҳ. -С. 4.
2 Икт. аз: Ҳумой Ҷалол. Ғаззолинома. Шарҳи ҳолу осор ва ақоиду афкори фалсафии имом Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад Ғаззолии Тӯсӣ. Чопхонаи Маҷлис. -Теҳрон. 1318ҳ.қ. - С.383

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё