Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Суол: Чӣ ҳол аст, ки ҷамоате аз мутасаввифа ақл ва маъқулро бинакӯҳанд?
Ҷавоб: Бидон, ки сабаби накӯҳиш он аст, ки мардумон муҷодала ва мунозараро ба тариқи муноқазот ва илзомот ақл ва маъқул мехонанд ва он [санъати] калом аст. Ва сӯфиён натавонистанд, ки бар эшон муқаррар кунанд, ки дар тасмия хато кардаед, чӣ ба сабаби он ки дар забонҳо мутадовил буд, аз дилҳо маҳв нахостӣ шуд, пас ақлу маъқулро бинакӯҳиданд ва муроди эшон муҷодала буд.
Ва аммо нури басирати ботинро, ки Ҳаққ таъолоро бад-он битавон шинохт ва сидқи пайғамбарон бад-он тавон донист, накӯҳидан чӣ гуна сурат бандад? Ва агар вайро бинакӯҳанд, чӣ чизро ситоянд? Ва агар сутуда шаръ аст, сиҳҳати шаръ ба чӣ маълум шавад? Агар ба ақли накӯҳида, ки бар он эътимоде набошад маълум гардад, пас шаръ ҳам накӯҳида бувад ва илтифот набояд кард ба қавли касе, ки гӯяд: «Идроки он ба айни яқин ва нури имон бошад, на ба ақл», чӣ ба лафзи ақл ҳамон мехоҳем, ки ӯ ба айни яқин ва нури имон мехоҳад. Ва он сифати ботин аст, ки одамӣ бад-он аз баҳоим мутамайиз аст, то ҳақоиқи корҳо бад-он донад. Ва бештари ин тахаббутот аз ҷаҳли гурӯҳе хостааст, ки ҳақоиқро аз алфоз талабидаанд ва бад-он чӣ истилоҳоти мардумон дар алфоз ба тахаббут аст, эшон дар тахаббут афтодаанд. Ва ин миқдор дар баёни ақл басандааст. Вал-л-Лоҳу аълам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор