Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
чизест ва вуҷуди маълум чизе дигар аст. Ва на ҳар кӣ нубувват ва вилоят бишиносад, набӣ ё валӣ бошад ва на ҳар кӣ порсой ва парҳезгорӣ бидонист, парҳезгор бувад.
Ва се қисм будани мардумон: яке он ки аз нафси хеш мутанаббеҳ шавад ва пай афтад, дуввум он ки ҷуз ба танбеҳ ва таълим дарнаёбад ва севвум он ки таълим ҳам вайро суд надорад ва бедор нагардонад, чун се қисм шудани замин аст: яке он ки [об] дар ӯ фароҳам ояд ва қавӣ шавад ва чашмаҳо равон гардад ва дуввум он ки ба ковидан ҳоҷат бувад, то об дар корез ояд ва севвум он ки дар ковидани он суде набусад. Ва он ба ихтилофи гавҳарҳои замин аст дар сифатҳои он. Пас, тафовути нафсҳо дар ғаризати ақл ҳамчунин аст. Ва далели тафовути ақл аз ҷиҳати нақл он аст, ки Ибни Салом аз Пайғомбар пурсид дар ҳадисе дароз. Ривоят кардаанд, ки дар охири он азамати Аршро сифат кард ва гуфт: «Малоика пурсиданд: «Ё Рабб, ҳеҷ чиз бузургтар аз Арш офаридай?» Фармуд: «Наъам ал-ақл». Аз маблағи андозаи он суол карданд, фармуд: «Ҳайҳота ло юҳоту биилмиҳи, ҳал лакум илмун биадади-р-рамли?» Ай, ин матлуб дур аст, илми шумо бад-он муҳит натавонад шуд ва шуморо ба адади рег ҳеҷ илме аст? Гуфтанд: «Не». Фармуд: «Фаиннӣ халақту-л-ақла аснофан шатто каадади-р-рамли фамина-н-носи ман ӯътия ҳаббатан ва минҳум ман ӯътия ҳаббатаини ва минҳуму-с-салосата ва-л-арбаъа [154] ва минҳум ман ӯътия фарақан ва минҳум ман ӯътия васқан ва минҳум ман аксара мин золика». Ай, ақлро аснофи мухталиф офаридам ба адади рег ва касеро аз он як ҳабба додам ва касеро ду ҳабба ва касеро се ва чаҳор ҳабба ва касеро фарақе – ва он шонздаҳ ратл¹ бошад – ва касеро васқе – ва он шаст соъ² бувад – ва касеро беш аз он.
_________________ ¹ Ратл – вазне баробар бо 90 мисқол.
² Соъ – вазне баробар бо ҳашт ратл (тарҷумаи «Мафотеху-л-улум»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор