Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
фасли аввал
ДАР ТАРҶУМАИ ЭЪТИҚОДИ АҲЛИ СУННАТ ДАР ДУ КАЛИМАИ ШАҲОДАТ, [КИ АЪЛО МАБОНИИ ИСЛОМ АСТ]1
Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Сипос мар Худойро, ки офаринандаи нахуст ва дигар бор аст ва кунандаи он чи мӯҷиби иродат2 ва муқтазои ихтиёр ва Худованди арши бузургвор ва гирифти вай бағоят алиму душвор; ва бандагонро ба манҳаҷи3 рашид ва маслаки садидоранда ва эътиқодашонро пас аз шаҳодати тавҳид аз торикии шакку шубҳат нигоҳдоранда ва сӯи мутобаати Пайғомбари мухтор ва ёрони вай, ки ба таъйид ва тасдид мукаррам буданд, роҳнумоянда [155] ва дар зот ва афъоли худ ба маҳосини авсоф, ки онро ҷуз ба ҳусни истимоъ ва бо ҳузури дил идрок натавон кард, таҷаллифармоянда; ва шиносогардондаи, ки Ӯ ба фардонияту ваҳдоният ва самадият мавсуф аст ва аз шарику назир ва ҳамтову ноҳамто муназзаҳ ва қидам ва азалияти Ӯ аз бидояту аввалиият муббарост ва истимрори вуҷуд ва абадияти Ӯ аз ниҳояту охирият муарро4; қайюми беинқитоъ ва доими бе-инсиром5 аст; ба сифоти ҷалол ҳамеша мавсуф будааст ва ҳамеша хоҳад буд, ба гузаштани муддатҳо ва инқирози мӯҳлатҳо сипарӣ нашавад, бал аввалу охир ва зоҳир [ва ботин] Ӯст.
1 Дар матни арабӣ: Фӣ калиматай-ш-шаҳодати-л-латӣ ҳия иҳдо мабонии-л-Ислом.
2 Иродат онро иҷоб карда.
3 Манҳаҷ — роҳи рости кушода.
4 Муарро — урён.
5 Инсиром — инқитоъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор